Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи аҳзоби сиёсӣ дар арафаи интихобот


Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон бо пуштибонии Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ IFES ҳамроҳ бо ҳукумати ин кишвар тасмим гирифтааст, намоишгоҳи шаш ҳизби расмиро дар шаҳри Душанбе баргузор кунад. Раиси дафтари Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов гуфт, дар ин намоишгоҳ барои ҳар ҳизб як хайма, ё ғурфа ҷудо карда мешавад ва дар он барномаи ҳизб, дастурҳо, китобу, шиору навиштаҳо роҷеъ ба ҳизб ҷой дода мешавад.
Ҳамчунин номзадҳои ҳизбҳо дар он ҷо бо интихобкунандагонашон рӯ ба рӯ сӯҳбат мекунанд, ки як роҳи наздик намудани раъӣдиҳанда бо номзад мебошад. Дар ҳамин ҳол Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ дар якҷоягӣ бо дафтари Созмони Милал ва Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо теъдоди зиёд низомнома оид ба тартиби ширкати нозирон дар интихобот, низомномаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон аз ҷониби аҳзоб ва чанд низомномаи дигар бо шарҳи банду фаслҳои Қонуни интихоботро ба нашр расонидааст. Ин низомномаҳоро Комиссияи марказии интихобот дар ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ тақсим мекунад то онҳоро ба нозирони ҳизбҳои сиёсӣ ва раъйдиҳандагон бирасонанд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG