Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти нави кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи шанбе ҳудуди 8 соат идома кард ва бо тағйироти кадрӣ дар баъзе вазоратхонаҳо, бонкҳо ва ҳукуматҳои навоҳии кишвар анҷом ёфт. Тибқи фармони президент Раҳмонов, муовини аввали вазири саноат Абдуаҳад Норматов аз вазифа барканор шуд. Тибқи фармони дигари президент Раҳмонов, раиси Бонки амонатгузории Тоҷикистон Искандар Давлатов ҳамроҳи се муовинаш аз масъулият озод шуд.
Ҳамчунин бинобар бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа раиси ҳукумати ноҳияи Ваҳдат Исмоил Гулов, раиси ноҳияи Файзобод Абдуқодир Давлатов, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов - Нурулло Умаров ва раиси ноҳияи Ҳамадонӣ - Ёқубҷон Исмоилов сабукдӯш шуданд.
Аммо бахши асосии ҷаласаи ҳукуматро баррасии вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2004-ум дар бар гирифтааст. Роҷеъ ба ин мавзӯъ Оқил Оқилов нахуствазири Тоҷикистон гузориш дода, аз ҷумла рушди 12 дар сада дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузаштаро таъкид намуда ва инро як пешрафти муҳим арзёбӣ кардааст.
Оқои Оқилов ҳамчунин гуфт, дар соли гузашта Тоҷикистон 320 миллион доллар қарзе, ки дар назди Русия дошт, комилан пардохтааст ва бо ин аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷаи кишвар ки 320 миллион доллар ихтисор шуд.
Дар мавриди вазифаҳои муҳим барои соли равон ҳукумати Тоҷикистон сохтмони неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтуда-2 ва сохтмони нерӯгоҳи Роғунро асосӣ шуморид ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои сохтмони ин нерӯгоҳҳоро аз вазоифи муҳими ҳукумат дар соли 2005 номид.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG