Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - Арабистони Саудӣ 0:3


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Дар ин дидор, ки бо даъвати мизбонон дар шаҳри Риёз баргузор гашт, Ҳамза Идрис се дақиқа қабл аз хотимаи қисми аввали бозӣ ҳисобро боз кард. Пас аз танаффус Абдуллоҳ Ал-Ҷамъон бо зарбаи озод ҳисобро дучанд намуд. Ва баъди шаш дақиқа Солеҳ Ал-Сақрӣ голи сеюмро ба ҳадаф расонд.
Ба гуфтаи Шариф Назаров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар ин бозии дӯстона ҳайати нави дастаи мунтахаби кишвар озмоиш карда шуд. Вай мегӯяд: "Дар чунин бозиҳои байналмилалӣ бо рақибони пурзӯр дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки маҳораташро такмил бидиҳад ва таҷрибаи бозӣ бигирад."
Ва аммо барои тими миллии Арабистони Саудӣ дидор бо мунтахаби Тоҷикистон қабл аз ширкати мизбонон дар марҳилаи ниҳоии интихобии осиёии Ҷоми ҷаҳон-2006 бозии контролӣ маҳсуб мешуд. Воқеан мунтахаби Арабистони Саудӣ дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои миллии Узбакистон, Ҷумҳурии Куриё ва Кувайт рақобат хоҳад намуд. Дар нахустин даври мусобиқоти интихобӣ дастаи Арабистони Саудӣ рӯзи 9 феврал дар шаҳри Тошканд бо мунтахаби Узбакистон қувваозмоӣ хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG