Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлидоти солонаи ТадАЗ 360 000 тоннаро ташкил дод


Мақомоти раҳбарии корхонаи алюминсозии Турсунзода, мавсум ба ТадАЗ, ба хабаргузории Франс Пресс гуфтаанд, ки тавлидоти алюминиуми Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2004 ба 360 000 тонна баробар шуд, ки назар ба як соли пеш 9 дарсад ё худ 30 000 тонна бештар будааст.
Қарор аст, бар пояи 160 миллион доллар сармоягузории ширкати русии "Русский Алюминий" ё худ "РусАл" дар заминаи корхонаи ТадАЗ ду коргоҳи ҷадиди электролизӣ бунёд шавад. Бо сохта шудани ин ду коргоҳ иқтидори тавлидотии корхонаи алюминсозии Тоҷикистон ба 100 000 тонна алюминийи дигар дар сол хоҳад афзуд.
Алюминий муҳимтарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон маҳсуб шуда, беш аз 50 дарсади содироти кишвар аз ҳисоби фурӯши ҳамин маҳсулот ба даст меояд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG