Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили иди Қурбон дар Тоҷикистон


Бо баланд шудани нидои такбир беш аз 5 ҳазор намозгузор рӯи ҷойнамози масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе ба муносибати иди Қурбон саф кашиданд.
Аммо қабл аз шурӯъи намоз сархатиби ин масҷид Саид Бойзода бо тиловати ояҳое аз "Қуръон" ва бо амри маъруф мардумро бо ин иди азхудгузаштанӣ, таҳаммул ва рафоқату оштӣ муборак мегуфт ва ба адлу инсоф ва саховату меҳрубонию бародарӣ даъват намуд.
Шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар сафи аввали намозгузорон меистод.
Вай қабл аз намоз ба муносибати иди Қурбон дар ҷамъи ҳозирин суханронӣ намуд ва роҷеъ ба ҳамзистии мазҳабҳо дар Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла гуфт, ҳанӯз як ҳазора қабл, дар даврони дудмони Сомониён динҳои мухталифе ба монанди ислом, буддоия, зартуштия, масеҳият, яҳудӣ ва мазоҳиби дигар дар ҷавори ҳам зиндагӣ доштанд.
Оқои Убайдуллоев ҳамчунин ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар пешорӯи як маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи қарибулвуқӯъи парлумони кишвар қарор дорад. Вай мардумро даъват намуд, ки бо ҳушёрӣ ба ин маърака муносибат кунанд ва ширкати фаъоли худро нишон диҳанд.
Ҳамчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ суханронӣ карда, тоҷирон ва аҳли дорои кишварро даъват намуд, ки дар ин рӯз ба кӯмаки ақшори фақиру камбизоат ва ба ёрии ятимон бирасанд. Президент аз пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар низ ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт, Тоҷикистон дар остонаи интихоботи парлумон истодааст ва барои ширкати фаъолонаи ҳама мардум дар ин маърака чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG