Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагон созишномаҳо бо Русияро бе баҳс ба тасвиб расонд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон асноди ҳуқуқии миёни Тоҷикистон ва Русияро ба тавсиб расонд, ки дар масъалаҳои муҳоҷирати корӣ, иштироки Русия дар ҳифзи марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон, танзими қарзҳои Русия ба Тоҷикистон ҳангоми сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе дар моҳи октябри соли гузашта ба имзо расида буданд.
Раиси нави Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров дар муаррифии созишномаҳои марбут ба ҳифзи марзи давлатӣ гуфт, то охири декабри соли равон охирин қитъаи марзӣ дар сарҳад бо Афғонистон зери назорати марзбонони тоҷик хоҳад гузашт.
Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни арзёбии 300 миллион доллар қарзи Русия гуфт, мавҷудияти он дар рушди иқтисодиёти кишвар монеа эҷод мекард. Ба гуфтаи вай, воми Русия ба Тоҷикистон наздик ба 30 дарсади қарзҳои берунаи Тоҷикистонро ташкил медод, аз рӯ танзими он ба манфиати кившар буд.
Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Муҳаммадшо Илолов зимни ироаи созишнома дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия гуфт, ин санад баъд аз тавсиби он дар Думаи давлати Русия дар моҳи марти соли ҷорӣ эътибор пайдо мекунад.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин созишномаҳоро бе ягон мушкил пуштибонӣ кард ва вакилон аз баррасии ҷиҳатҳои эҳтимолан барои Тоҷикистон зараровари онҳо худдорӣ намуданд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG