Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду роҳиба дар сӯхтори калисои Хуҷанд


Ба иттилоъи Нозим Мамадов, сарвари раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Суғд, сӯхтор дар ибодатгоҳи масеҳиёни православӣ дар шаҳри Хуҷанд субҳи 17 январ ба сабаби истифодаи беэҳтиётона аз асбобҳои гармидиҳандаи дастисохт рух додааст. Бинои асосии калисо субҳи барвақт, замоне оташ гирифт, ки дар дохили он ду роҳиба хоб будаанд. Полковник Мамадов дар ин бора мегӯяд: «Ҳангоми тафтиши ҷои ҳодиса аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5 гармидиҳандаи худсоз ёфт шуд, ки аз рӯи фарзияи мо сабаби сар задани сӯхтор дар калисо мебошад. Наҷотдиҳандагон аз байни сӯхтаҳо ҷасади ду занро берун оварданд ва ташхиси тиббӣ муайян намуд, ки онҳо аз нафаскашии дуди ғализ ба ҳалокат расидаанд.»
Аммо нобудшудагон аз сӯхтори калисои масеҳӣ дар Хуҷанд ду роҳибзани ин ибодатгоҳ Евдокия Фемичёваи 78-сола ва Евдокия Ҳусейноваи 72-сола ҳарду замони сӯхтор дар ҳоли хоб будаанд.
Дар натиҷаи оташгирӣ қисмати асосии ибодатгоҳ бо тамоми чизу чора, адабиёт ва салибу мусаввараҳои он пурра сӯхта, танҳо харобаҳои деворҳои хиштии он боқӣ мондааст. Сӯхторхомӯшкунандагон 8 салиби ибодатии масеҳиёнро аз қабзаи оташ берун кашидаанд.
Калисои масеҳиёни православӣ дар маркази Хуҷанд ҳанӯз дар асри 19 байни манзилҳои якошёнаи истиқоматӣ бунёд шудааст, аз ин рӯ хавфи паҳн шудани алангаи оташ ба манзилҳои ҳамсоягон ҷой дошт. Аммо ба гуфтаи Нозим Мамадов, сарвари ниҳоди оташнишонии Суғд, гурӯҳи бузурги кормандони ниҳодҳои оташнишонӣ бо 6 мошини сӯхторхомӯшкунӣ аз паҳн шудани сӯхтор пешгирӣ намудаанд.
Дар ҳамин ҳол Пётр Холиқов, сарвари калисои масеҳиёни православии Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ овозаҳо дар бораи аз ҷониби ашхоси номаълум оташ дода шудани ибодатгоҳро радд кард. Роҳиб Холиқов гуфт: «Аз рӯи тахмини пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор дар ибодатгоҳ истифодаи нодуруст аз дастгоҳҳои гармидиҳандаи барқӣ мебошад. Ман худам сӯхторхомӯшкунандаҳоро ба воситаи телефон даъват кардам, онҳо ҳозир шуданд, аммо алакай дер шуда ва алангаи оташ то баландии даҳҳо метр сар кашида буд.»
Пётр Холиқов - сарвари калисои масеҳии православӣ дар шаҳри Хуҷанд афзуд, мақомоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд гуфтаанд, дар амри барқарорсозии ибодагоҳи масеҳиён мусоидат хоҳанд кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Радиои Озодӣ, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG