Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимҳои «Сконто» ва «Пюник» - рақибони «Регар-ТадАЗ»


Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2004-ум ин кишварро дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ намояндагӣ хоҳад кард.
Ин мусобиқот бо ширкати дастаҳои қаҳрамони ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз 15 то 23 январи соли 2005 дар толорҳои варзишии шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.
Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҷумла «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «С» бо «Сконто» (Рига) - қаҳрамони Латвия ва «Пюник»(Ереван) - қаҳрамони футболи Арманистон қувваозмоӣ хоҳад кард. Ба назари коршиносон, дастаи «Сконто» довталаби аслии ҷойи аввал дар ин гурӯҳ маҳсуб мешавад. «Сконто» ягона дастаест, ки дар ҳамаи 13 мусобиқоти қаблии Ҷоми Иттиҳод ширкат варзида, натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Бозиҳо дар 4 гурӯҳ 15, 16 ва 18 январ доир мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо ба чаҳорякфинал роҳхат мегиранд.Тибқи низомномаи нави мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод дастаи «Локомотив»-и Маскав -қаҳрамони Русия ва «Динамо»-и Киев -қаҳрамони Украина аз марҳалаи севвум , яъне аз бозиҳои нимниҳоӣ ба рақобат шурӯъ хоҳанд кард. Ва ниҳоят бозии ниҳоӣ, ки 23 январ сурат мегирад, барандаи Ҷоми Иттиҳодро муайян хоҳад намуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG