Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози эътилофи аҳзоби сиёсӣ аз комиссияи интихоботӣ


Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффофу демократӣ аз мавқеъи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар қиболи Ҳизби сотсиалистӣ изҳори нигаронӣ намуда, онро як навъи фишори мақомот арзёбӣ кардааст. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтааст, ҷиҳати ширкат дар интихоботии соли оянда феҳрасти асомии номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси намояндагонро аз Ҳизби сотсиалистӣ бо имзои Абдуҳалим Ғаффоров қабул хоҳад кард. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин тасмим дар заминаи номаи вазорати адлияи кишвар, ки дар он Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон таҳти раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров қонунӣ эътироф мешавад, гирифта шудааст.
Аммо Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон яке аз чаҳор ҳизби узви Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффофу демократӣ мавқеи Комиссияи марказии интихоботро мухолиф ба қавонини кишвар арзёбӣ карда гуфт, ин як навъ дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти як созмони сиёсист: «Вақте вазорати адлия якеашро эътироф мекунад, ё дигарашро эътироф намекунад, вазорати адлия ба ин ҳуқуқ надорад. Ҳаракатҳое, ки нисбат ба Ҳизби сотсиалист шуда истодааст, мақсад дорад, ки Ҳизби сотсиалистро аз эътилоф дур кунанд.»
Оқои Зойиров ба ҳайси раиси созмони мазкур афзуд, ки ҳоло моҷарои дохилиҳизбии Ҳизби сотсиалист дар додгоҳ баррасӣ мешавад ва маълум нест, ки кадоме аз ин ду ҷиноҳ меросбари қонунӣ ва ҳизби расмӣ шинохта мешавад. Дар ҳамин ҳол Волдемар Рокошевский - мушовири сиёсии Дафтари мусоидат бар сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, тайи солҳои 2002 то 2004, ки ҷаласоти маҳфилҳои мубоҳисоти сиёсӣ бо иштироки шаш ҳизби расмии Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар арафаи интихоботи парлумонӣ дар кишвар доир шуд, Мирҳусайн Назриев Ҳизби сотсиалистро намояндагӣ кардааст.
Вай гуфт, аз ҷараёни қазияи ин ҳизб огаҳ аст, бо Абдуҳалим Ғаффоров муддаии мақоми раисӣ ба Ҳизби сотсиалист низ сӯҳбат доштааст, вале ба ин далел, ки вазорати адлия то кунун ба дархости ин созмон дар робита ба машрӯъияти яке аз ин ду ҷиноҳ посух надодааст, онҳо ҳамкориро бо Назриев идома додаанд. Раҳматулло Зойиров раиси эътилофи аҳзоби сиёсӣ гуфт, бар пояи санаде, ки аъзои эътилоф ба тасвиб расонидаанд, аҳзоби узв муваззаф шудааст, дар муборизоти интихоботӣ аз манофеи ҳамдигар дифоъ кунад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG