Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуфузи аҳзоби сиёсӣ дар миёни мардум


Созмони ғайридавлатии мавсум ба «Сотсиолог» бо такя ба натиҷаҳои назархоҳии хеш мегӯяд, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2005-и кишвар аз пуштибонии бештари раъйдиҳандагон бархурдор хоҳад шуд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷонибдории андаки раъйдиҳандагон бархурдор буда ва ҷойгоҳи ахирро дар миёни шаш ҳизби сиёсии фаъол дар кишвар ба худ ихтисос додаст.
Ғаюр Қаҳҳоров - раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба «Сотсиолог»,ки бо пуштибонии молии бунёди "Евразия" ва ба манзури рӯшан кардани мавқеъ ва ҷойгоҳи аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеа дар арафаи интихоботи парлумонии кишвар таҳқиқоти мазкурро анҷом додааст гуфт, иллати аз чунин пуштибонии густарда бархурдор будани Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳамоно дар сари қудрати сиёсӣ ва соҳиби сармоя будани он мебошад.
Оқои Қаҳҳоров афзуд, дар аксари навоҳӣ ва вилоёт намояндагони ин ҳизб дар мақоми аввали ҳокимият қарор доранд ва ин омил боиси бартарияти ин ҳизб дар зеҳни ҷомеа шудааст: «Мувофиқи пурсише, ки мо дар байни аҳолӣ гузаронидем маълум шуд, ки аз ҳамаи намояндагони табақаи гуногуни аҳолӣ ки мо пурсидем, аз байни онҳо 47,5 фоиз дар вақти интихоботи вакили Маҷлиси Намоядагон мехоҳанд, ба намояндагони ин ҳизб овоз диҳанд. Зиёда аз 22 фоиз ба тафдории Ҳизби коммунист мехоҳанд овоз диҳанд. Дар ҷои саввум Ҳизби демократӣ ва дар ҷои чаҳорум Ҳизби сотсиал-демократ, ҷойҳои панҷуму шашум ба Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби наҳзати исломӣ тааллуқ дорад. Ҳизби наҳзати исломӣ аз тарафдории дуву аз даҳ чаҳор фоизи раъйдиҳанда бархурдор аст.»
Ин дар ҳолест, ки Ҳикматулло Сайфуллозода раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон натоиҷи назарсанҷии созмони ғайридавлатии «Сотсиолог»-ро воқеӣ намеҳисобад. Вай гуфт, бахши омӯзиши афкори Ҳизби наҳзати исломӣ як назарсанҷиро дар ин замина доир кардаааст ва дар асоси ин пурсиш онҳо метавонанд, курсиҳои парлумонро қадри кофӣ ба даст оваранд: "Бовар дорем, ки агар интихобот дар асоси қонун амалӣ шавад ва адолатнок сурат бигираду тамоми принсипҳои демократӣ риоя шавад, мо метавонем, ки даҳ-дувоздаҳ номзади хешро ба Маҷлиси Намояндагон ворид кунем.»
Аммо Ғаюр Қаҳҳоров - раиси созмони ғайридавлатии «Сотсиолог» гуфт, вай ба натоиҷи назарсанҷии доиркардааш бовар дорад зеро ин назарсанҷӣ дар 26 навоҳӣ ва бо пурсиши се ҳазор нафар, ки намояндагони ақшори мухталифи ҷомиаанд доир шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG