Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хатти нави ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон


Ширкати ҳавопаймоии «Сибир»-и Русия аз Маскав ва Новосибирск ба Тоҷикистон ду хати ҳавоии доимӣ боз мекунад. Дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав Иля Новохатский, намояндаи расмии ин ширкат хабар дод. Вай гуфт, парвози нахустин 23 ноябр дар хати Маскав-Хуҷанд шурӯъ гардид ва парвоз аз Новосибирск ба Душанбе ба 6 декабр барномарезӣ шудааст.
Парвоз дар хати Маскав-Хуҷанд ҳафтае ду бор, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом мешавад. Аз Новосибирск ба Душанбе парвоз рӯзҳои душанбе сурат хоҳад гирифт. Парвоз бо ҳавопаймои ТУ-154 анҷом мешавад. Қиммати билети Новосибирск-Душанбе 190 доллар, билети Маскав-Хуҷанд 210 доллар аст.
Ин дар ҳолест, ки аз ғуфраҳои билетфурӯшӣ нархи билети Маскав-Хуҷандро дар рӯзи ҷумъа 240 доллар гуфтанд. Ин нархи билети ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» аст. Лозим ба ёдоварист, ки билети Маскав-Душанбе баҳору тобистон 170 доллар аст, вале тирамоҳон ба ҳангоми бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия 230-240 боло меравад ва дар дасти билетҷаллобон боз ҳам гаронтар мешавад. Дар ҳамин ҳол аз даҳ шаҳри бузурги Русия, аз ҷумла аз Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Уфа, Қазон ба се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб хатҳои ҳавоӣ фаъол аст, вале ниёзҳои мусофирони тоҷикро бароварда намесозанд.
То ин замон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон танҳо тайёраҳои «Самара» ва «Домодедово» парвоз мекарданд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG