Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Покистон


Ба гузориши рӯзномаи «Dawn» - и Покистон, нирӯҳои амниятии ин кишвар рӯзи сешанбе ду шаҳрванди Тоҷикистон -Абдулқаҳҳори 26-сола ва Ҳусайни 15-соларо дар вилояти Вазиристони Ҷанубӣ боздошт кардаанд. Хабарнигори «Dawn» менависад, ки ихтиёриёни қабилаи Маҳсуд дар ин маҳал се раҳгузарро нигоҳ доштанд, ки зоҳиран хориҷӣ буданд. Яке аз онҳо фирор карда ва ду шарики ӯ боздошт шуданд, ки гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Мусаллаҳони қабилавӣ онҳоро ба дасти нирӯҳои амниятии Покистон супурдаанд. Котиби аввали консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод Наврӯзшоҳ Баҳодуров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, консулгарӣ аз ин ҳодиса огаҳ шудааст ва барои гирифтани маълумот ба ҳукумати Покистон муроҷиат кардааст.
Бори дуюм аст, ки «Dawn» аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Покистон хабар медиҳад. Моҳи октябр ин нашрия навишт, ки ҷавони 15-солаи тоҷик бо номи Холид аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ дастгир шуд. Мақомоти Покистон ӯро узви шабакаи Ал-Қоида номиданд ва изҳори омодагӣ карданд, ки намояндагони Тоҷикистонро ба дидори ин наврас роҳ медиҳанд. Аммо ба гуфтаи Наврӯзшоҳ Баҳодуров то кунун ба намояндагони расмии Тоҷикистон муяссар нагашт, сарнавишти ӯро рӯшан кунанд ва бо ду нафари наве, ки гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, шахсан мулоқот кунанд.
Холидаи Қодир, Прага
XS
SM
MD
LG