Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни модари Эмомалӣ Раҳмонов


Данғара

Маросими ҷанозаи Марям Зиёева, модари Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 23 ноябр бар асари солхӯрдагӣ ва заъфи қалбӣ дар синни 94-солагӣ даргузашт, дар шаҳраки Данғара дар 100-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе доир шуд. Маросими дафни хонум Марям бо имомати Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода - раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва бо ҳузури чандин ҳазор намозгузор дар боғи марказии шаҳр доир шуд.
Дар маросими видоъ роҳбарони намояндагии созмонҳои байналамилалӣ, аъзои ҳукумати Тоҷикистон, вакилони парлумон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ низ ҳузур ёфтанд. Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳозирин барои арзи тасаллият ташаккур кард ва заҳмати модарашро дар камолёбии худ сутуд.
Эмомалӣ Раҳмонов ҳамзамон ишора кард, ки ба ойинҳои мазҳабӣ ва мардумӣ эҳтиром мегузорад ва ҳамчунин ба риояти муқаррароте, ки худ дастур додааст, дар мавриди ба танзим даровардани маросимҳои мардумӣ ва мазҳабӣ содиқ аст.
Бисёре интизор доранд, бубинанд, ки оё раиси ҷумҳур дар ин маврид чӣ гуна амал хоҳад кард. Ӯ гуфт, дар ин маврид ҳеҷ гуна зиёдаравӣ набояд сурат гирад ва маросими видоъ бо модари раиси ҷумҳур низ зоҳиран бидуни ҳар гуна харҷи ба истилоҳи расмӣ "зиёдатӣ" ва мисли ҳама гуна ҷанозаҳои маъмулӣ сурат гирифт. Раҳмонов аз ҷумла гуфт: "Сатҳи зиндагии мардуми мо имрӯз паст аст. Барои ҳамин ҳам баъзан кору рафторҳои ноҷо ва изофа ҳаст, ки ин ҳам сатҳи зиндагии моро пасттар мекунад."
Ба далели баргузор шудани маросими видоъ бо модари раиси ҷумҳур имрӯз аксари барномаҳои пешбинишуда дар пойтахти Тоҷикистон бо ширкати аъзои давлат ва сафирони хориҷӣ ба таъхир андохта шуд.
Раҳматкарими Давлат, Данғара
XS
SM
MD
LG