Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги модари президенти Тоҷикистон


Модари Эмомалӣ Раҳмонов - раисҷумҳури Тоҷикистон соати чори баъд аз зӯҳри рӯзи бисту сеюми ноябр дар синни наваду чаҳорсолагӣ аз олам даргузашт. Телевизиони Тоҷикистон хабар дод, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба президент Эмомалӣ Раҳмонов бинобар вафоти модараш изҳори ҳамдардии амиқ ва тасаллият кардааст. Маросими дафн рӯзи бисту чаҳоруми ноябр баъд аз намози зӯҳр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG