Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баталиони 25 ба нирӯи марзбонӣ табдил ёфт


Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таҳкими марзи худ бо Афғонистон баталёни 25-ми вазорати дифоъро ба нирӯҳои марзбонӣ ҳамроҳ намудааст. Сабза Саркоров - сардори раёсати бахши тарғиботии вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, кишвараш барои ҳифзи марзи хеш бо Афғонистон, ки онро сарҳадбонони Русия тарк хоҳанд гуфт, ба нерӯи бештар ва мутахассисони ботаҷрибаи низомӣ ниёз дорад.
Нуриддин Амирқулов - сардори раёсати нозироти Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон роҷеъ гуфт, пас аз он ки марзбонони Русия марҳила ба марҳила қисматҳои мухталифи сарҳади Тоҷикистонро ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик гузоштанд, зарурати аз ҳисоби неруҳои низомии дохилӣ комил намудани ҷузъу томҳои нерӯҳои сарҳадии кишвар пеш омад.
Нуриддин Амирқулов афзуд, бештар манотиқи ҷанубии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба нерӯи иловагӣ ниёзманд аст. Баталёни 25-уми вазорати дифоъ пас аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 ва баъд аз шомил шудани размандаҳои пешини Иттиҳодияи мухолифиин тоҷик ба сохторҳои низомии давлатӣ аз ҳисоби размандагони мухолифин созмон дода шуд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG