Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили нави "Рӯзи Нав"


Идораи полиси молиёт дар нақлиёти Тоҷикистон аз тавзеъи ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» ҷилавгирӣ кардааст. Раҷаби Мирзо сардабири "Рӯзи Нав" гуфт, шумораи тозаи ҳафтанома баъди се моҳи таваққуфи иҷборӣ, ки чопхонаҳои Тоҷикистон аз нашри он худдорӣ карданд, дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон мунташир ва тавассути ҳавопаймо ба Душанбе мунтақил шудааст. Аммо дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон полиси андоз тиражи рӯзномаро боздошт ва аз тавзеъи он ҷилавгирӣ кардааст.
Мақомоти полиси андози нақлиёти Тоҷикистон аз ҳар гуна шарҳи ин иқдом худдорӣ варзиданд. Ба гуфтаи Карим Ҷангиев - раиси идораи полиси андози нақлиёт нашрияи «Рӯзи Нав» мушкили хосе надорад ва танҳо як силсила аснод тақозо шудааст, ки бо ироаи ин аснод аз сӯи идораи нашрия иҷозаи тавзеъи он дода хоҳад шуд. Вале Раҷаби Мирзо сардабири «Рӯзи Нав» гуфт, бо вуҷуди он ки куллияи асноди тақозошуда ироа шуд ва зоҳиран мақомоти полис эътирози дигаре надоранд, боз ҳам тиражи рӯзномаро ба соҳибонаш барнагардонидаанд.
"Рӯзи Нав" як нашрияи мустақил, ки онро Раҷаби Мирзо як рӯзноманигори ҷавони тоҷик бунёдгузорӣ кардааст, аз моҳи августи соли 2003 мунташир мешуд. Ин нашрия нахуст дар чопхонаи давлатӣ мунташир мегашт, вале баъди манъи нашраш дар ин чопхона дар як матбааи хусусӣ ба нашр расид. Аммо моҳи августи соли равон ба далели тахаллуфи молӣ фаъолияти ин матбааро низ қатъ карданд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG