Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби кодекси нави андози Тоҷикистон


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо иттифоқи оро тарҳи ҷадиди кодекси андоз ва ё молиёти кишварро таъйид кард. Ғулом Бобоев - вазири даромад ва пардохти Тоҷикистон кодекси навро ҷавобгӯ ба тақозои иқтисоди озод, мутобиқ ба вазъи кунунии иқтисоди кишвар ва ҳамоҳангшуда бо меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ кард. Оқои Бобоев гуфт, ба фарқ аз кодекси андози қаблӣ кодекси ҷадид наҳваи пардохт барои муассиса, корхонаҷот, афроди алоҳида ,соҳибкорон ва тоҷиронро ба маротиб соддатар ва ба ҳамин тартиб дар рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат ҳоҳад кард.
Оқои Бобоев афзуд, бар асоси кодекси нав андози даромад аз нафароне, ки то сад сомонӣ маоши моҳона доранд, даҳ ва аз онҳое, ки болотар аз ин маблағро мегиранд, 13 дар сад ситонида мешавад. Ба гуфтаи ӯ ситонидани андоз аз даромад дар қиёс бо кодекси қаблӣ ду дар сад коҳиш ёфтааст. Вазири даромад ва пардохт ҳамчунин гуфт, минбаъд куллияи ниҳодҳои соҳаи кишоварзӣ аз пардохти панҷ-шаш навъи молиёт барои истифодаи замин озод ва танҳо як навъи андози ягонаро пардохт ҳоҳанд кард.
Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров - иқтисодшиноси тоҷик қабули кодекси нави андозро як монеаи ҷиддӣ дар ҷиҳати устувории иқтисоди озод дар кишвар арзёбӣ кард. Вай гуфт, сатҳи гарони молиёти муқарраршуда дар кодекси андоз корхонаҷотро ба пинҳонсозии даромад водор ва дар натиҷа заминаро барои афзоиши фасод дар ҷомеа фароҳам мекунад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG