Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми 95-уми Тоҷикистон дар харитаи озодии баён


Созмони "Хабарнигорони Бидуни Марз" бар асоси мушоҳида ва назорати вазъи озодии матбуот дар 167 кишвари ҷаҳон гузориши навбатиаш дар мавриди индекси озодии баёнро нашр намуда, Куриёи Шимоливу Куба ва Бирмаву Туркманистонро умдатарин кишварҳои поймолкунандаи озодии баён ном бурд.
Ин созмон мегуяд, Русияву Беларус ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ низ аз ин лиҳоз аз бисёрии кишварҳои дигари ҷаҳон ақиб мемонанд. Раҳбари дафтари аврупоии гуруҳи "Хабарнигорони Бидуни Марз" Сурайё Блаттман мегуяд, дар маҷмуъ вазъи озодии матбуот дар тақрибан тамоми паҳнои шуравии собиқ хуб нест: "Вазъи озодии матбуот дар ин минтақа, ман дар назар дорам кишварҳои шуравии пешинро, бад аст. Ва ба вижа дар муқоиса бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ё номзад ба узвияти он созмон."
Русия дар ҷадвали гуруҳи "Хабарнигорони Бидуни Марз" дар мақоми 140, Узбакистон дар симати 142 ва Беларус дар мақоми 144 ҷой гирифтаанд.
Тоҷикистон дар ин руйхат дар мақоми 95 омада, ба ин тартиб аз лиҳози мурооти озодии матбуот дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал аст.
Вале муаллифони гузориш вазъи озодии баён дар Тоҷикистон фақат нисбатан ва дар муқоиса бо ҳамсоякишварҳо беҳтар номида, ҳамзамон ба озодии матбуот мутақоид ва пойбанд будани Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақаро хеле ва хеле шубҳаовар хондаанд.
XS
SM
MD
LG