Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо ба комиссари ҳарбии худсар


Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дастур додааст, то подполковник Рашид Ҳоҷиев, комиссари ҳарбии ноҳияи Файзобод барои даъвати ғайриқонунии як ҷавон ба сафи артиши Тоҷикистон аз мақом барканор карда шавад. Савриддин Тошев - муовини раиси додгоҳи низомии Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номбурда хилофи муқаррарот Хурсанд Алиев, як нафар сокини ноҳияи Файзободро сарфи назар аз бемориаш иҷборан ба хидмати низомӣ сафарбар намудааст. Оқои Тошев афзуд, пас аз се моҳи даъват ба сафи артиш Хурсанд Алиев ба бемории вазнин гирифтор шудааст.
Савриддин Тошев афзуд, бинобар қонуншиканиҳо ва сӯистифода аз мансаб аз ҷониби комиссари ҳарбии ноҳияи Файзобод, додгоҳи низомии шаҳри Душанбе бо судури як ҳукм ӯро аз ҳуқуқи кор дар ниҳодҳои низомӣ маҳрум намудааст ва илова бар ин тибқи ҳукми додгоҳ бояд аз маоши ҳар моҳаи ӯ ба маблағи бист дар сад ба нафъи давлат рӯёнида шавад.
Даъвату сафарбарии ҷавонон ба сафи артиши Тоҷикистон бинобар ихтиёран ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбӣ ба як мушкилӣ табдил ёфтааст ва ба ин далел масъулини комиссариатхои ҳарбии навоҳӣ барои пур намудани сарбоз сафи қувваҳои мусаллаҳ бо сарбозон онҳоро маҷбуран ба сафи артиш мефиристанд.
Холиқи Сангин, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG