Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши гирифтани 22 ҳазор доллари ришват


Ба иттилоъи Додситонии вилояти Суғд, як корманди идораи андози ноҳияи Зафаробод бо айбномаи ришваситонӣ боздошт гардид. Ин манбаъ мегӯяд, Ҳаким Саидов замоне ба ҳабс гирифта шуд, ки аз сарвари як корхонаи бинокорӣ 2 ҳазор доллари амрикоӣ пул гирифтааст. Ба назари додситонӣ, мақсад аз ин пора, ошкор накардани камбудиҳое буд, ки ба думболи тафтиши ин корхона маълум шудаанд.
Муфаттиши додситонӣ А. Абдураҳмонов ба Радиои Озодӣ гуфт, сармояи мазкур аз дафтари кори Саидов пайдо гашт ва ин пул аз сардори корхонаи "Вилоят" И. Элбошев гирифта шудааст.
Бо айбномаи ришваситонӣ инчунин як корманди идораи назорати молиявии дастгоҳи президенти Тоҷикистон боздошт гардид. Дар ин бора додситонии ноҳияи Конибодом хабар дода, гуфт, Туйчӣ Қиличев, кӯшиш кардааст, аз сарвари иттиҳодияи кишоварзии "Ирам" 20 ҳазор доллар пора гирад.
XS
SM
MD
LG