Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳбатҳои вазири умури дохилаи Русия дар Душанбе


Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия, ки дар Душанбе дар нишасти муштараки коллегияҳои вазоратхонаҳои умури дохилаи Тоҷикистону Русия суханронӣ мекард, шумори муҳоҷирони тоҷик дар кишварашро аз 600 000 то 800 000 нафар тахмин карда, гуфт, танҳо 2 фоизи ин мардум дар Русия ба таври машруъ ва қонунӣ ба сар мебарад.
Оқои Нургалиев гуфт, шаҳрвандони тоҷик тайи соли 2003 дар қаламрави Русия 3 173 ҷиноят, аз ҷумла 48 куштор ва танҳо дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 2 730 ҷинояти дигар содир кардаанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба омори овардаи Рашид Нургалиев, алайҳи шаҳрвандони тоҷик дар Русия дар тули соли гузашта 595 ҷиноят ва дар нимаи аввали соли равон 251 ҷинояти дигар содир шудааст.
У ҳамчунин гуфт, аз бештар аз 6000 нафаре, ки дар Русия бо иттиҳоми қочоқ ё тиҷорати маводи мухаддир дастгир шудаанд, танҳо чоряки онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Оқои Нургалиев изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистон аз як роҳи транзит ба як сипари муҳкам дар муқобили қочоқи маводи мухаддири афғонӣ табдил хоҳад ёфт.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG