Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ пайваст


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Русия расман эълом кард, ки шомили созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ шудааст. Дар нишасти навбатии сарони кишвархои узви созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе масоили таъсиси Консорсиуми обӣ-энержӣ, ғизоӣ ва нақлиётӣ, таҳияи низомномаи ҷаласоти роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва нирӯҳои марзбонӣ, таҳияи феҳристи созмонҳои даҳшатафканӣ, тундгароёни мазҳабӣ, пешво ва аъзои онҳо, ки фаъолияташон дар қаламарави ин кишварҳо мамнӯъ эълон шудааст, таъйиди барномаи ташкили бозори умумӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои ин созмон бо Афғонистон матраҳ ва дар ин замина қарорхо ба тасвиб расиданд.
Аммо пайвастани Русия ба созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ дар сархати мавзӯоти ин нишаст қарор дошт. Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури Қазоқистон дар нишасти хабарие, ки якҷо бо ҳамтоёни худ аз, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар баробари хабарнигорон сӯҳбат мекард, вуруди Русия ба ин созмонро як руйдоди муҳим ва гардиши ҷиддӣ дар фаъолияти ин созмон талаққӣ кард.

Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия узвияти кишвараш ба созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказиро як марҳалаи тоза дар роҳи ҳамкорӣ бо кишварҳои узви ин созмон хонда афзуд, ки Русия дар таҳкими амнияти минтақа, дар амри ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, дар мубориза ба зидди гурӯҳҳои террористӣ ва ҳамчунин дар таъмини суботу оромиши Афғонистон бо истифода аз имконоте, ки дар ихтиёр дорад, саҳм хоҳад гузошт. Раиси ҷумҳури Русия аз пешниҳодоти Узбакистон дар роҳи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва тундгароёни мазҳабӣ ва таҳияи феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ, аъзо ва лидерони онро дар доираи кишварҳои узви ин созмон пуштибонӣ карда таъкид бар он дошт, ки оромӣ ва субот дар Афғонистон мифтоҳи ин мушкилот хоҳад буд.

Дар ин нишасти хабарӣ ҳамаи руасои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ бо як овоз зарурати узвияти Русия ба созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказиро таъкид карданд. Аз ҷумла Ислом Каримов - раиси ҷумҳури Узбакистон гуфт, ки ба маҳзи пешниҳоди ӯ Русия шомили ин созмон шудааст. Дар саммити созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе муовини раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳидоят Амин Арсалоҳ ба унвони меҳмон ширкат дошт. Раҳбарони кишварҳои узв Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистонро барои соли баъдӣ раҳбари давраии созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ интихоб карданд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG