Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Талбак Назаров дар Маҷмаъи умумии СМ


Латифи Латиф

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дар суханронии худ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк гуфт, бо вуҷуди рушди нисбӣ, кишвараш ба душвориҳои ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ мебошад. 80 дарсади аҳолӣ дар ҳоли бенавоӣ ба сар мебарад ва кишвар дар ҳамин ҳол 40 дарсади даромадашро ба кандани воми беруна равона мекунад, ки аз 1 миллиард доллар бештар аст. Назаров гуфт, агар кишварҳои қарздиҳанда аз баҳри як бахши вомҳои худ гузаранд, мамолики нодор имкон меёбанд, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, беҳдошт ва муҳити зист сармоягузорӣ намоянд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо маҳкум кардани фоҷиаи Беслан гуфт, садаи 21-уми ба ҷаҳон бо вуҷуди пешрафтҳои мушкилоти дигаре низ овард, ки яке аз онҳо терроризм аст. Назаров гуфт ҷаҳон дар ҳолати як ҷанги давомдор ба сар мебарад. Вай вазъи иҷтимоиро мустақиман ба беамниятӣ пайванд дод. Талбак Назаров гуфт, Тоҷикистон аз дигаргунии солҳои охир дар Афғонистон истиқбол мекунад, аммо дар ташвиш аст, ки ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар коҳиш намеёбад ва ин ҳам як таҳдидест ба суботу амният дар Тоҷикистон ва ҳамаи Осиёи Марказӣ.
Латифи Латифӣ, шаҳри Ню Йорк
XS
SM
MD
LG