Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони тоҷик дар интихоботи USA


Як ҳайъати чаҳорнафара аз ҳизбу созмонҳои Тоҷикистон бо мусоидати Академияи тавсиаи маорифи Амрико ҷараёни интихоботи раиси ҷумҳури ин кишварро дар мақоми нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард. Ниссо Расулова - муовини мудири Академияи тавсиаи маорифи Амрико дар Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби як барномаи ин муассиса ва бо ҳузури коршиносон аз се созмони байналмилалӣ, Бунёди байналмилалии низоми интихобот, Оҷонси рушди байналмилалии Амрико ва Институти миллии демократияи ин кишвар миёни намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон озмуне ҷиҳати ширкат дар интихоботи раиси ҷумҳури ин кишвар баргузор шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ - муовини раиси Ҳизби Наҳзати Ислом, Таҳмина Каримова -узви бюрои сиёсии Ҳизби Коммунист, Абдусабур Абдусамадов - мудири маркази иттилоотӣ ва таҳлилии Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон ва Хушвақт Хоҷаев аз созмони ғайриҳукуматии мавсум ба "Асри 21" дар он баранда эълон шуданд.

Хонум Расулова роҷеъ ба шароити озмуни мазкур ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Ҳамаи ширкаткунандагон аз забони англисӣ имтиҳон супорида ва ҳамчунин аз сӯҳбати комиссияи махсус гузаштаанд. Дар натиҷа ҳамин чаҳор нафари ёдшуда имкони ширкат ва назорат дар интихоботи раиси ҷумҳури Амрикоро, ки дар оғози моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, ба даст овардаанд." Абдусабур Абдусамадов - яке аз чаҳор нозири ҷараёни интихоботи раиси ҷумҳур дар Амрико гуфт, тибқи барнома ҳайъати мазкур дар Вашингтон иёлоти Пенсилвания ва Вирҷиния раванди баргузории интихоботро назорат хоҳад кард. Оқои Абдусамадов ҳамчунин афзуд: "Аслаш барнома барномаи омӯзишии равандҳои сиёсӣ дар Амрико мебошад ва ҳамчунин мо дар ҷараёни ин омӯзиш бояд бо стандартҳои байналхалқии интихобот шинос гардем." Нисо Расулова - муовини мудири Академияи тавсиаи маорифи Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ҳамаи масрафоти сафари ин ҳайъат аз тарафи Оҷонси байналмилалии рушди Амрико пардохта хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG