Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алӣ-боксёр дар зиндони Қазоқистон


Дар Алмаато қумандони яке аз дастаҳои мухолифини собиқи Тоҷикистон Алӣ Пирмуҳаммадов аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Қазоқистон боздошт гардидааст. Вай, ки бо номи Алӣ-боксер маъруф аст, солҳои ахири ҷанги дохилӣ нерӯи воқеъ дар Шоҳмансур ва Кофарниҳон будаи мухолифини собиқро сарварӣ кардааст. Дар номаи ба сафорати Тоҷикистон фиристодаи вазорати умури хориҷаи Қазоқистон омадааст, ки боздошти Алӣ Пирмуҳаммадов тибқи Қонуни мурофиаи ҷиноии Ҷумҳурии Қазоқистон гирифтааст. Вай ҳамчунин дар бозҷӯии байнидавлатӣ қарор доштааст.

Вале Алӣ Пирмуҳаммадов, ки ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон беш аз якуним моҳ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон нигоҳдорӣ мешавад, дар номааш унвонии сафорати Тоҷикистон изҳор кардааст, ки боздошти вай ғайриқонунист. Ва ӯ хостори мулоқот бо кормандони сафорат шудааст. Тавре ки дар сафорат гуфтанд, онҳо ҷиҳати мулоқот бо шаҳрванди дар боздошт будаи Тоҷикистон ба вазорати умури хориҷаи Қазоқистон нома ирсол кардаанд. Ҳамчунин бино ба иттиллоъи ба дастомада, то вақти боздошт Алӣ Пирмуҳаммадов бо ҳамсараш анқариб 2 сол дар Алмаато зиндагӣ доштааст ва вай дар ин ҷо ба тиҷорат машғул будааст. Баъди боздошт аввалҳои моҳи август ҳамсари вай ба Душанбе баргаштааст.
Насибҷон Амонӣ аз шаҳри Остона
XS
SM
MD
LG