Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти тими миллии футболи Тоҷикистон


Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2006 дар майдони худ аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд. Голро дар дақиқаи 34-уми қисми аввали бозӣ ҳамлагари меҳмонон Рофеъ Раҷа ба ҳадаф расонд.
Воқеан ҳанӯз дар дақиқаи 12-уми бозӣ мизбонон имкони садфоизаи голзанӣ доштанд, вале Раҳматулло Фузайлов- капитани дастаи Тоҷикистон аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Ин бохт мунтахаби Тоҷикистонро барои дарёфти як роҳхат аз гурӯҳи шашум ба марҳилаи дуввуми Ҷоми ҷаҳонии футбол маҳрум сохт. Ва аммо дастаи Сурия ва мунтахаби Баҳрайн муборизаро барои дарёфти роҳхати ягона идома хоҳанд дод. Баҳрайн дар даври чаҳорум дар Бишкек бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Ба ин тартиб дар гурӯҳи шашум Баҳрайн бо 10 хол дар ҷойи аввал аст. Сурия бо 7 хол ҷойи дуввумро ишғол мекунад. Тоҷикистон бо чор хол дар зинаи саввум ҷойгир аст. Қирғизистон бо як хол дар зинаи чаҳорум қарор дорад.
Дар гурӯҳи аввал тими миллии Эрон, ки дар меҳмони бар мунтахаби Урдӯн бо натиҷаи ду бар ҳеҷ пирӯзӣ ба даст овард, бо 9 хол дар садри ҷадвал қарор гирифт. Дар гурӯҳи дуввум дастаи Узбакистон, ки дар майдони худ мунтахаби Фаластинро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод, бо 10 хол пешсаф аст. Дастаи Ҷопон - қаҳрамони Осиё бо 12 хол дар гурӯҳи саввум дар ҷойи аввал қарор дорад. Ҷопониҳо дар сафар мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби чаҳор бар сифр мағлуб сохтанд. Дар гурӯҳи чаҳорум дастаи Чин бо 12 хол ҷойи аввалро ишғол мекунад.
XS
SM
MD
LG