Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони "бегона" ва "худӣ" дар Кӯлоб


Сайёфи Мизроб аз шаҳри Кулоб

Ахиран паёмадҳои басташавии газетаҳои ғайридавлатӣ дар маркази кишвар дар Хатлон аз худ дарак доданд. Хабарнигорони 4 газетаи мустақили манъшуда, ҳамчун "Рӯзи Нав", "Нерӯи Сухан", "Одаму Олам" ва "Адолат" тавъам бо хабарнигори радиои Садои Хуросони Эрон аз ширкат дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ маҳрум шуданд.
Роҷеъ ба ин мавзӯъ Аҳмади Иброҳим - хабарнигори "Рӯзи Нав" дар Кӯлоб мегӯяд, басташавии рӯзномаҳо ва аз нашр бозмондани нашрияҳо таъқибу фишори ҳукумат рӯи матбуоти озод, демократия ва озодии сухан аст.
Аслиддини Олиназар - хабарнигори ҳафтаномаи "Адолат" дар Кӯлоб меафзояд, ки рӯзи 31 август барои хабарнигорони ғайридавлатӣ шояд рӯзи басташавии сарчашмаҳои иттилоотӣ гардад, зеро дар ин рӯз ҳамаи онҳоро намоишкорона аз маҷлисгоҳи ҳукумат рондаанд: «Як мисоли оддӣ - вақте ки президент Раҳмонов ба Кӯлоб ташриф овард, тамоми журналистони давлатӣ роҳхатномаву даъватнома доштанд, ки дар ин чорабинӣ ташриф дошта бошанд, илло хабарнигороне, ки дар ин 4 газета кору фаъолият доранд.»
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ - хабарнигори "Нерӯи Сухан" мегӯяд, ин амал паёмадҳои сангин барои журналистон дорад: «Дар мавриде, ки президент дар муносибат бо мо ин қадар сардӣ нишон дод, мусаллам аст, ки аз ин ба баъд чиновникҳои маҳаллӣ, ки мехоҳанд, ба президент «садоқат»-и худро нишон диҳанд, муносибатро ба мо хеле сардтар мекунанд.»
Мусоҳибони ман гуфтанд, ки онҳоро ба толор афроде роҳ надодаанд, ки бо президент Раҳмонов ба Кӯлоб омада будаанд. Ва аммо Раҷаби Мирзо, сардабири "Рӯзи Нав" мегӯяд, фишор, ки рӯи хабарнигорони матбуоти ғайридавлатӣ дар Хатлон ба чашм расид, кори якрӯзӣ нест.
Ӯ мегуяд, ки қаблан ҳам хабарнигорони "Рӯзи Нав" дар Қӯрғонтеппаву Восеъ ва Кӯлоб мавриди таъқиб қарор доштаанд. Аммо ин далел, ки ҳамакнун онҳоро ба толори маҷлисгоҳи президенти кишвар роҳ надодаанд, нигаронкунанда аст: «Қаблан ҳам сари хабарнигорони мо фишор буд, вале мо фикр мекардем, ки шояд мақомоти маҳаллӣ дар ин кор даст доранд. Акнун мутмаин шудем, ки ин амал аз боло назорат карда мешавад.»
Дар ҳамин маврид, аҳзоби сиёсии дар минтақа фаъол аз манъи чопи рӯзномаҳои ғайридавлатӣ ва ҷилавгирӣ аз ширкати хабарнигорони мустақил дар ҷаласаҳои ҳукумат изҳори нигаронӣ карданд. Муҳаммадраҳим Қараев - раиси шӯъбаи Ҳизби Наҳзати Ислом дар ноҳияи Ховалинг мегӯяд: «Басташавии кадом газетае набошад, фоли нек нест. Ин як монеъагузории вазоратҳои қудратӣ дар давраи тоинтихоботист."
Сарвари бахши кӯлобии Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳамрохон Сафаров меафзояд, бо басташавии рӯзномаҳои мустақил ҳукумат даҳони ҳизбҳоро ҳам баст: "То имрӯз мо ягон минбареро надидаем, ки аз мо пурсида бошад, ки шумо киед, чӣ мехоҳед, чӣ мақсад доред. Манзури ман матбуоти давлатист. Воқеан мо бо нашрияҳои мустақил муносиботи ҳасана доштем, вале он газетаҳо бадбахтона баста шуданд. Дигар мо намедонем, ки дар оянда тавассути кадом газета ормонҳои ҳизбро пешкаши мардум менамоем."
Хабарнигорони нашрияҳои аз чоп бозмонда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҳоле, ки газетаҳои давлатӣ дар Душанбе нашрияҳои мустақилро мавриди интиқод қарор додаанд, ҳамакнун дар ҳафтаномаҳои ҳукумати маҳаллӣ, ҳамчун «Кулябская Правда», ки пас аз фосилаи тӯлонӣ бо кӯмаки молии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба дасти чоп мерасанд, як амали тарҳрезишуда ба зидди матбуоти озод ва хабарнигорони мустақил шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG