Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи бемории домана дар ноҳияи Рӯдакӣ


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Зиёвиддин Афғонов - муовини вазири беҳдоштӣ ва сарпизишки давлатии беҳдоштии Тоҷикистон гуфт, як ҳайъати Маркази вогиршиносӣ ва вазорати беҳдоштии Тоҷикистон барои таҳқиқ ва баррасии вазъи пешомада ва иллати хуруҷи бемории домана ба ноҳияи Рӯдакӣ (ноҳияи собиқи Ленин) эъзом шудааст. Гуфта мешавад, тайи ду рӯзи ахир дар ноҳияи Рӯдакӣ 120 нафар ба гумони гирифторӣ ба бемории домана дар табобатгоҳи ин ноҳия бистарӣ шудааст.
Оқои Афғонов гуфт: "Як гурӯҳи корӣ дар ҳамон ҷо кор карда истодааст бо табибони маркази ноҳиявии вогиршиносӣ ва вазъро меомузанд."
Аммо ба гуфтаи оқои Афғонов, афзоиши бемориҳои вогир дар дигар манотиқ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ки эҳтимол мерафт, ба дунболи олудашавии манобеъи оби ошомидании пойтахт, шуюъ пайдо кунад, мушоҳида нашудааст: "Дар Душанбе ҳама хуб аст, ман ҳар рӯза иттилоъ дорам, ягон мушкилӣ дар Душанбе нест."
Дар ҳамин ҳол манобеъи маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Тоҷикистон низ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, иллати аслии шуюъи ин беморӣ олуда шудани оби ошомиданӣ бар асари боронҳои сели рузҳои 15 ва 16-уми июл будааст. Исохон Гурезов - муовини сарпизишки маркази вогиршиносӣ гуфтааст, иллати хуруҷи бемории домана дар шаҳраки Сомониёни маркази ноҳияи Рӯдакӣ омехта, ё олуда шудани манобеи оби тоза бо системаи фозилоби ин шаҳрак буда, ки бар асари он оби ошомидани феълан ғайриқобилиистифода аст.
Ба гуфтаи манобеи вазорати беҳдоштӣ ба далели афзоиши теъдоди муроҷеъин ва камбуди зарфияти бемористони шаҳраки Сомониён дар мактаб интернати кӯдакони ношунаво низ як бахше барои ҷобаҷоии беморон ифтитоҳ ва панҷоҳ нафари дигар дар он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Танҳо рӯзи гузашта 33 нафар дар ин ноҳия ба гумони гирифторӣ ба домана бистарӣ шудааст.
Ба гуфтаи сарпизишки беҳдоштии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши бештари бемориҳои мусрӣ, аз ҷумла домана даҳҳо гурӯҳи пизишкони вогиршинос барои машварат ва кӯмак ба мардум ба маҳаллаҷот фиристода шудааст. Ва инчунин вазорати бедошт ва созмони хайрияи "Мерлин", аз ҷумла барои поксозии оби ошомиданӣ дар миёни мардум кулчадору, ё қурси се дарсадаи хлор, адабиёти тиббӣ ва дигар таҷҳизоти пизишкӣ ирсол кардаст.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG