Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Демократ чордаҳсола шуд


Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи сешанбеи 10 август, аз 14 - солагии таъсиси ин ҳизб таҷлил карданд. Дар таърихи даҳуми августи соли 1991 конфронси муасисони ҲДТ доир шуд ва аз таъсиси нахустин ҳизби сиёсӣ дар муқобили ҳизби ҳокими коммунист хабар дод. Ҷамъи касири бунёдгузорони ин ҳизб аслан зиёиён ва устодони донишгоҳҳо, аъзои фаъоли маҳфилҳои сиёсии "Растохез" ва "Рӯбару", таҳти роҳбарии Шодмон Юсуф файласуф ва корманди Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон буданд. Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар оғози муқовиматҳои дохилӣ дар соли 1992 як ҷониби низоъ шинохта мешуд ва Шодмон Юсуф - раиси ин ҳизб масъулияти роҳбарии нирӯҳои ҷонибдори ҳукумати муросои миллиро дар муқобили ҷабҳаи халқӣ, ки дар ташкилоте бо номи "Ситоди Наҷоти Ватан" мунсаҷим буданд, бар ӯҳда дошт. Аммо бо пирӯзии сиёсӣ ва низомии "Ҷабҳаи Халқӣ" дар поёни он сол аксари аъзои ҲДТ муҳоҷир шуданд.
Ихтилофи назар бар сари мушорикат дар муборизаи мусаллаҳонаи зидди давлат аъзои ҲДТ-ро ба ду гурӯҳи умда тақсим кард. Яке аз ин гурӯҳҳо мавсум ба "Ҷиноҳи Теҳрон" ва дигаре ҷонибдорони усули муборизаи мусаллаҳона ва муштарак бо дигар нирӯҳои мухолифи давлат бо номи "Ҷиноҳи Алмаато".
Ҷиноҳи Алмаатои ҲДТ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон ширкат намуда ва ҷонибдорони ин гурӯҳ дар ҳукумат низ ширкат дода шуданд. Ҷиноҳи теҳронии ҲДТ каме пештар аз фурсат бо ҳукумат канор омада буд, ки саҳме дар ҳукумат дарёфт накард.
Дар поёни соли 1999 ба дунболи татбиқи Созишномаи умумии сулҳ ҲДТ дар баробари дигар ташаккулҳои сиёсӣ иҷозаи фаъолиятро дарёфт ва дар интихоботҳо ширкат кард. Вале дар интихоботи парлумонии соли 2000 муваффақ ба рафъи монеъаи панҷфоиза нашуд ва натавонист, намояндагони худро вориди парлумон кунад. Дар нахустин анҷумани ҲДТ баъди дарёфти дубораи иҷозаи фаъолият Муҳаммадрузӣ Искандаров узви ин ҳизб ва аз фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи давлат раиси ин ҳизб интихоб шуд. Раиси ҲДТ мегӯяд, қонуни нави интихоботи парлумони Тоҷикистон низ мутобиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ нест ва интихоботи ояндаи парлумон низ баъид ба назар мерасад, ки бо риояи адолат ва инсоф сурат бигирад. Ба ҳар ҳол мегӯяд ӯ, ҲДТ ба ин рақобатҳо омода мешавад: "Ҳизби Демократи Тоҷикистон новобаста аз он ки умеди дар дил доштаи мо бо қабули қонуни парламенти Тоҷикистон буд, ба ин муяссар нашудем, лекин тайёрии ҷиддӣ барои интихоботи оянда дорем."
ҲДТ танҳо ҳизби сиёсие буд, ки дар тобистони соли гузашта раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосиро, ки шароити дигарбора номзад шудани раиси ҷумҳурии феълӣ дар интихоботи ояндаро фароҳам мекард, таҳрим кард. Ва оқои Искандаров, ки ба назари ҳаводоронаш як шахси нисбатан тавонманд дар саҳнаи муборизаҳои сиёсӣ маҳсуб мешавад, мегӯяд эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки дар ҳамбастагӣ бо эътилофи аҳзоби сиёсӣ дар сурати фароҳам нашудани шароити баробар барои рақобатҳои интихоботӣ аз ширкат дар интихоботи парлумонӣ низ сарфи назар кунад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG