Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғун мунтазири сармоягузорони нав


Туркия қасд дорад, бо ҷалби сармоя ва ширкатҳои энержии худ дар эҳё ва анҷоми сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон саҳм гирад. Аҳмет Шаҳап Унлу - раиси Шӯрои бозаргонон ва тоҷирони Туркия, ки бо як ҳайъат аз кишвараш ба Душанбе омадааст, бо вазири энержии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов мулоқот анҷом дод. Аҳмет Шаҳаб Унлу гуфт, Туркия бо хоҳиши ҷониби Тоҷикистон бо ширкатҳои энержии Русия, Чех ва Эрон ҳамкорӣ намуда, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат хоҳад кард.
Ӯ афзуд, ин масъала мавзӯи аслии гуфтугӯи ҳайъати Туркия бо намояндагони вазорати энергетикаи Тоҷикистон буд: "Мо бо вазири энергетикаи Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳо дар эҳё ва сохтмони нерӯгоҳҳои бузургтарини оби барқии ин кишвар сӯҳбат кардем. Ба назари ман, ҳамкории мо бо Тоҷикистон бахусус дар соҳаи энержӣ хеле муҳим ва самаровар мебошад. Мо дар ин дидор оид ба пайдо кардани роҳҳои афзалиятноки ҷалби сармоя ба соҳаи обу барқи Тоҷикистон сӯҳбат кардем. Дар Туркия дар раҳандозии нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон манфиатдор мебошанд. Бо маблағгузорӣ дар соҳаи энергетика Туркия метавонад, барқи Тоҷикистонро тариқи Гурҷистон ва Эрон ба манотиқи худ интиқол диҳад."
Дар ҳамин ҳол Рашид Гулов - сардори департаменти сиёсати энерегетикии вазорати энергетикаи Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир масъалаи сохмони нерӯгоҳи Сангтӯда, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ҳалли худро пайдо намудааст, аз ин рӯ аз ҷониби Туркия тақозо карда шуд, ки дар сохтмони нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон нерӯгоҳи оби барқии Роғун саҳм бигирад ва як консорсиум таъсис диҳад.
Вай афзуд: "Мо аз Туркия хоҳиш кардем, на танҳо дар сохтмони Роғун саҳм гирад, балки як консорсиуми миллӣ дар ин самт созмон диҳад."
Тибқи иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, барои сохтмони пурраи нерӯгоҳи Роғун 2 миллиард доллари Амрико лозим меояд. Дар сурати баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ Тоҷикистон метавонад, илова бар таъмини худ, ҳамасола ҳудуди 10 миллиард киловат соат нерӯи барқ ба хориҷ содир намояд.
Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG