Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати солонаи Тоҷикистон бо Туркия 93 милён доллар шудааст


Бино ба хабари ожонсии "Авасто", Аҳмад Шаҳоб Унлу, ҳамраиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ин ҳафтаро дар Тоҷикистон ба сар бурда, қарор аст бо сарвазири ин кишвар Оқил Оқилов, ҳамраиси дигари ин шуро, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Виктор Болтов ва бо мақомоти дигари иқтисодиву молии Душанбе дидор ва мулоқот кунад.
Виктор Болтов ба "Авасто" гуфтааст, табдили молу коло байни Тоҷикистону Туркия сол аз сол меафзояд, вале ду кишвар тамоми имконоти мавҷударо барои рушди чунин равобит ҳануз истифода накардаанд.
Ба гуфтаи оқои Болтов, Тоҷикистон ба Туркия умдатан пахтаву алюмин ва чарми хом содир карда, аз он кишвар таҷҳизоти саноативу маишӣ, маводи сохтмон ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ворид мекунад.
Муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон тайи соли гузашта ба Туркия ба маблағи 79 милён доллар мол фурухта, аз Туркия ба маблағи 14 милён доллар маҳсулот харидааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG