Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Р. Бойбеков чанд раҳбари милисаи метрои Маскавро сабукдуш намуд


Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС навиштааст, ки қазияи аз тири милисаи метрои Маскав захмӣ шуда, руи кати бемористон рафтани муҳоҷири тоҷик Рустам Бойбеков дар ниҳоят мунҷар ба барканории чанд мақоми баландпояи милисаи метрои пойтахти Русия шудааст.
Шумора ва ҳуввияти мақомоти барканоршуда дар хабар наомадааст, вале ИТАР-ТАСС аз қавли мақомоти идораи милисаи шаҳри Маскав навишт, барои ин афрод дар мақомоти дигари вазорати умури дохилаи Русия ҷойҳои нави кор дода хоҳад шуд.
Рустам Бойбеков рузи 31 июл бо гуноҳи бебилетӣ аз суи пулис гирифта шуд ва корманди милиса баъди маълум кардани ин, ки у дар Маскав ҳаққи иқомат ва барои пардохтани ҷарима пул надорад, уро аз даҳонаш мепаронад ва Рустам танҳо бо амри тасодуф зинда мемонад.
Владимир Пронин, раҳбари милисаи шаҳри Маскав ин ҳодисаро нафақат як қонуншиканӣ, балки поймоли ҳама гуна арзишҳои башарӣ унвон кардааст.
Хабаргузории Асошиейтед Пресс бо нақли ин хабари ИТАР-ТАСС меафзояд, ки пулиси Маскав аксаран ба гирудор ва тафтиши асноди мардуми омада аз Қафқозу Осиёи Миёна банд аст ва маоши пасту тахассуси ночиз боиси дар умури милисаи пойтахти Русия гирд омадани қонунбононе шудааст, ки худ бо нақзи пайвастаи қонун эътибори милисаро замин кардаанд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG