Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти генерал Ғаффор Мирзоев


Ғаффор Мирзоев - раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир ва фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳафт тан аз муҳофизонаш рӯзи ҷумъа аз тарафи нирӯҳои амниятии кишвар боздошт шуд.
Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ ба ин муносибат эълон кард, ки Ғаффор Мирзоев ба иттиҳоми сӯйистифода аз мақоми давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, ғайриқонунӣ бо худ гардонидани муҳофизон ва қатли як масъули вазорати кишвар гумонбар шудааст.
Бобоҷон Бобохонов гуфт: "Дар рафти тафтишот ба мо маълум шуд, ки дар баъзе ҷойҳо яроқҳои ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои ҳамин вақте ки органҳои прокуратура барои пурсупос ба прокуратура даъват карданд, наомад, саркашӣ кард, мо маҷбур шудем, ки ӯро дастгир кунему кори тафтишотро пеш барем. Имрӯз, ки вайро дастгир кардем, ҳамон яроқу аслиҳае, ки ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ бо худашон мегардонданд, дар ҷойи кораш пинҳон медошт, ёфта гирифта шуд."
Бино ба маълумоти додситони кулли Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев дар авохири солҳои навадум аз Новосибирски Русия як чархболи низомии навъи Ми-8-и русӣ харидорӣ карда ва онро дар аввал чун моликияти Горди раёсати ҷумҳурӣ ва баъдан чун моли Кумитаи олимпии Тоҷикистон ба кадом гурӯҳе дар Афгонистон ба иҷора медиҳад.
Додситони кулл ба иҷора додани чархболи мазкурро ба гурӯҳи афғонӣ ғайриқонунӣ хонд, вале ҳамзамон таъкид кард, ки Ғаффор Мирзоев моҳона ҳудуди шаст ҳазор доллар молиётро ба давлат аз ин чархбол пинҳон доштааст. Бобоҷон Бобохонов гуфт, Ғаффор Мирзоев - фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳур дар соли 1998 сардори собиқи шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шаҳринавро ба ҳузури худ даъват мекунад. Баъд ин худи ҳамон рӯз ҷасади тирхӯрдаи ӯро пайдо мекунанд. Ва тибқи ташхиси коршиноси сардори шӯъбаи дохила он фард аз силоҳи мутаалиқи Ғаффор Мирзоев кушта шудааст.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни бозҷӯиҳои қаблӣ аз манозил ва корхонаҷоти марбут ба Ғаффор Мирзоев ва бародаронаш як дастгоҳи мушакандози навъи "Стингер", аз боздоштгоҳи муваққати Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир, се ҳазор силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла автомат, пулемёт, мушакандоз ва аз мошинаи шахсии оқои Мирзоев ду адад автомати сохти Исроил кашф ва забт шудааст. Ҳамчунин оқои Бобохонов афзуд, Ғаффор Мирзоев дар забти 350 гектар замин дар Кулоб низ гумонбар дониста шудааст.
Ва аммо дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки оё ин миқдори зиёди муҳимоти ҷангиро генерал Мирзоев ба хотири анҷоми табадуллоти давлатӣ гирдоварӣ накардааст, додситонии кулл посухи якнавохт надод, вале ин эҳтимолро низ сарфи назар накард.
Ӯ гуфт: "Шумо чӣ фикр доред. Ҳар рӯз ӯро дар газета дар "Рӯзи Нав", "Нерӯи Сухан", "Чароғи Рӯз", "Бизнес и Политика" мебароранд. О чём говорить, наверно у него есть какое-то намерение. Время покажеть. (Ин аз чӣ мегӯяд, эҳтимолан вай чӣ нияте дорад. Вақт нишон медиҳад.)"
Генерал Мирзоев фармондеҳи пешини Горди президентӣ ва раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпӣ аз қумандонони бонуфузи собиқ Фронти Халқии Тоҷикистон буд, ки дар барқарории ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ва ҷанги зидди мухолифини давлат нақши муҳим дошт.
Ғаффор Мирзоев дар моҳи январ бо дастури раиси ҷумҳур аз мақоми фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ барканор ва баъди гузашти чаҳор рӯз раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир як ниҳоди муштараки СММ ва ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд.
Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон, ки имкони суолу ҷавобро бо хабарнигорон маҳдуд кард, гуфт, тайи се рӯзи минбаъда иттиҳомоти аввалия нисбат ба Ғаффор Мирзоев эълом ва дастури расмии боздошти вай содир хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG