Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши қазияи ҳамла ба сардабири "Рӯзи Нав" давом дорад


Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба қазияи латукуби сардабири ҳафтаномаи мустақили "Рузи Нав" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтишот аллакай бар сари чанд фарзияи мушаххас кор мебарад. Дар ин бора худи Раҷаби Мирзо, сардабири "Рузи Нав" рузи якшанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, тафтиши ин парвандаро муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров таҳти назорати мустақими худ қарор додааст.
Раҷаби Мирзо гуфт: "Аз мақомоти ҳам вазорати умури дохила ва ҳам идораи милисаи ноҳияи Ибни Сино омада, моро пурсиданд ва то ҷое ман иттилоъ дорам, парванда боз шуда, ин масъаларо муовини вазир Қаҳҳоров таҳти назорати махсус гирифтааст. Ман чанд фарзияро барои онҳо гуфтам ва ин фарзияҳо феълан дар ҳоли омузишанд ва фикр мекунам, аз онҳо суҳбат кардан метавонад ба раванди тафтишот халал эҷод кунад."
Сардабири ҳафтаномаи мустақили "Рузи Нав" шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар минтақаи Яккачинори пойтахти Тоҷикистон ҳадафи ҳамла ва латукуби як нафари ношинос қарор гирифта, аз ноҳияи сараш сахт зарб хурдааст.
Ҳайъати эҷодии "Рузи Нав" ва худи Раҷаби Мирзо ин ҳамларо суиқасди тарҳшудаи сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.
Раҷаби Мирзо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, суиқасди ахир низ ба фаъолияти хабарнигории у ва ба фаъолиятҳои "Рузи Нав" иртиботи мустақим дорад ва у бори дуввум аст, ки ба думболи нашри матолиби танқидомез дар бораи як нафари мушаххас дучори ҳамла мешавад.
Раҷаби Мирзо дар ду рузи пеш зимни як номаи саркушода унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов изҳор дошт, ки бори аввал нест, ки уву кормандони дигари "Рузи Нав" ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. Ва аммо чунин роҳу шеваи фишор болои матбуоти озод, ба ақидаи сардабири "Рузи Нав", пеш аз ҳама эътибори давлати Тоҷикистонро дар саҳнаҳои байналмилалӣ латма хоҳад зад. Хоса дар ҳоле ки ин кишвар дар остонаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ, чун интихоботҳои парлумониву раёсатҷумҳурӣ қарор дорад.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG