Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи бемории сиёҳзахм дар шаҳри Кӯлоб


Дар шаҳри Кӯлоб 7 тан аз сокинони деҳаи Ҳамадонӣ бар асари марази сиёҳзахм, ё худ сӯхтанӣ бистарӣ шуданд. Тахмин меравад, ки теъдоди воқеъии беморон дар шаҳр бештар аст, зеро гӯшти гови мариз дар бозори марказии Кӯлоб ба фурӯш рафтааст.
Дар вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Саъдӣ Насимов - сокини деҳаи Корези Боло, 10 километрии шаҳри Кӯлоб ду гови маризи худро забҳ карда, гӯшти якеро дар бозор бо қиммати хеле арзон фурӯхтааст. Тахмин меравад, ин гӯштро даҳҳо нафар истеъмол кардаанд. Гӯшти гови дигарро, ки чанд соат пас аз аввалӣ забҳ шуда буд, соҳиб оши худоӣ кардааст. Ин гӯштро бисёре аз сокинони деҳаи Корези Боло истеъмол кардаанд.
Дар робита ба мавзӯъ Дӯстмурод Забиров - афсари масъули маркази матбуоти Вазорати изтирории кишвар мегӯяд: «Рӯзи 20 июли соли равон дар деҳаи Корези Болои хоҷагии Ҳамадонӣ ду сар ҳайвони калон касал шуда, нобуд шудааст, ки шаҳрванд Насимов Саъдӣ яктои онро дар бозори Саховати Кӯлоб ба фурӯш зада, дигариро оши худоӣ додааст.»
Эмомалӣ Бобохонов - сардухтури бемористони амрози сироятии Кӯлоб мегӯяд, ҳамакнун масъулин намедонанд, ки чанд нафар ин гӯштро истеъмол кардаанд. Барои пешгирӣ аз фарогиршавии сиёҳзахм табибон таввасути телевизион бонги изтироб задаанд. Духтур Бобохонов мегӯяд, дар мавриди ба фурӯш рафтани гӯшти заҳролуд масъулини соҳаи байторӣ ва маркази амрози вогир ҳам гунаҳкоранд, ки аз қассоб асноди сиҳҳати говро талаб накардаанд: "Нишонаҳои гӯшти гови мариз ин аст, ки вақти куштани ҳайвони касал хунаш сахт намешавад ва гӯшташ сиёҳ мегардад. Аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки вақти харидории гӯшт ба ин ҷиҳат эътибор диҳанд. Аз ҷониби дигар аз духтурони бозорҳо, аз байторон ҳам хоҳиш дорем, ки гӯштро ташхис кунанд ва аз қассобон асноди тиббӣ талаб кунанд.»
Гуфта мешавад, ки 2 сол муқаддам дар Луликутал - деҳаи дигари Кӯлоб айнан ҳамин воқеа мушоҳида шуд, ки гови маризро забҳ карда, қисмати гӯштро дар бозор ба фурӯш зада, қисми дигарро соҳиб ба ҳамсояҳо оши худоӣ додааст. Соли 2002 сиёҳзахм фарогир шуда, 20 тан аз сокинони Луликуталро мариз кард.
Сайёфи Мизроб
XS
SM
MD
LG