Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе соҳиби хонаҳои нав мешавад


Мудиромили Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Тоҷикистон Юрий Исҳоқов ба хабаргузории "Авасто" гуфтааст, то охири соли ҷорӣ дар пойтахт, шаҳри Душанбе сохтмони Аквапарк, Маркази тиҷорат, ҳавзи олимпӣ ва 4 иморати нӯҳқабатаи маскунӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, тайи соли ҷорӣ дар Душанбе се мактаб барои 1240 хонанда, як кӯдакистон барои 50 тифл ва 33 000 метри мураббаъ манзил сохта шудааст. Аз ҷумла моҳи апрел дар пойтахти Тоҷикистон як бинои иборат аз 176 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар маҷмӯъ 11 400 метри мураббаъ андоза дорад.
Юрий Исҳоқов, мудиромили Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Тоҷикистон ҳамчунин хабар додааст, ки то охири сол дар ҳар ду вилояти Суғду Хатлон барои 4 000 хонанда макотиби нав ва дар Хоруғ барои 1500 донишҷӯ сохтмони Донишгоҳи Байналмилалии Осиёи Марказӣ сохта мешавад.
XS
SM
MD
LG