Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи бенатиҷаи кормандони вазорати умури дохила


Кормандони минтақавии умури дохилаи навоҳии шарқи кишвар дар пайи анҷоми як амалиёт ҷиҳати боздошти Аҳмадбек Сафаров, собиқ фармондеҳи ҷабҳаи Ҳоити мухолифини пешини тоҷик дар дараи Ясманди ин минтақа, 250 километрии шарқи пойтахти кишвар ба нокомӣ дучор шудаанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз пахши ин хабар худдорӣ мекунад. Навбатдори ин вазорат, ки аз бурдани номаш худдорӣ намуд, гуфт, ин ҳодиса даҳ рӯз қабл сурат гирифта буд. Ва ҳеҷ касе осеб надидааст: "Ин ҳодиса 10 рӯз пеш рух дода буд. Касе кушта ва ё маҷрӯҳ нашудааст."
Аммо манобеъи дигар мегӯянд, 30 нафар кормандони умури дохила ҳангоми шаб ба хотири боздошти Аҳмадбек ба хонаи ӯ ҳамла бурда, нахуст зани ӯро, ки дар ҳавлӣ буд, боздошт мекунанд ва мехоҳанд, бо ин ӯро маҷбур созанд, ки таслим шавад. Аммо Аҳмадбек муқобилат нишон дода, автомати Калашниковро аз дасти яке аз милисаҳо гирифта, ӯро захмӣ мекунад ва ниҳоят бо тиркушоӣ худро аз ҳалқаи милисаҳо раҳо намуда, ба тарафи кӯҳ фирор мекунад. То кунун Аҳмадбек мавриди пайгарди кормандони умури дохилаи минтақаи Ҳойит қарор дорад.
Аҳмадбек Сафаров яке аз фармондеҳони пешини мухолифини тоҷик то соли 1998 фармондеҳи ҷабҳаи Ҳойит будааст. Ва бо шомил шудани размандаҳои оппозитсиюн ба сохторҳои давлатӣ аз соли 1998 ба ин ҳаёти мулкӣ доштааст.
Маҳмадрузӣ Искандаров, яке аз фармондеҳони пешини мухолифини тоҷик мегӯяд: "Қумандони алоҳида буд, баъди соли 1998 ба ҷойи вай Шоҳ Искандаров таъйин шуда буд, ба он хотир, ки вай дар он сол ба зиндагии мулкӣ гузашта буд, на ба ягон кори ҳарбӣ ва ё фармондеҳӣ сару кор надошт."
Ва аммо то кунун мақомоти давлатии кишвар роҷеь ба иллати қасди боздошти Аҳмадбек Сафаров аз тарафи кормандони милиса чизе намегӯянд. Наздикони Аҳмадбек мегӯянд, ки ӯ бо интихоби зиндагии мулкӣ аз қаламрави минтақаи Ҳойит берун нарафтааст.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG