Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гурӯҳи муташаккили қочоқбар дар Душанбе


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчиёни маводи мухаддир хабар дод. Файзулло Гадоев - сардори идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати дохила рузи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми як амалиёти густардаи кормандони ин идора гурӯҳи мазкур дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст: "Аз як гурӯҳи нашъаҷаллобон, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дар шаҳри Душанбе қариб бо 50 килову шашсад грамм моддаҳои нашъаовар мусодира намудем, ки барои интиқол додан ба дигар давлатҳо пешбинӣ шуда буд."
Оқои Файзуллоев гуфт, ки ҳоло дар қиболи аъзои ин гурӯҳ парвандаи ҷиноӣ боз ва ҳамзамон тафтишот оғоз шудааст. Сардори идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ироаи маълумоти бештар дар бораи ин гурӯҳ ба далели халал науфтодан дар ҷараёни бозрасӣ худдорӣ кард. Вай танҳо афзуд, ки аъзои гурӯҳи мазкур сокинони вилояти собиқи Кӯлоб буда, ҳадаф доштаанд, ин миқдори бузурги маводи мухаддиро тавассути гарданаи Анзоб ба Хуҷанд ва сипас ба Русия интиқол диҳанд. Дар ҳоли ҳозир афзуд оқои Гадоев, кормандони идораи онҳо дар ҳамроҳи бо намояндагони умури дохилаи Русия дар пайи ҷустӯҷу ва ошкор кардани шарикони ин гурӯҳи боздоштшуда дар Русия мебошанд.
Ба иттиллоъи хамин манбаъ, боздошт ва кашфу мусодираи маводи мухаддири тавлиди Афғонистон дар Тоҷикистон бо фаро расидани мавсими гармо рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тайи ҳафтаи гузашта ходимони умури дохила аз қочоқчиён танҳо дар шаҳри Душанбе сад кило маводи мухаддир, ки беш аз 72 килои онро ҳероин ташкил медиҳад, кашф ва мусодира кардаанд. Аммо Файзулло Гадоев иштирок ва ё узвияти ходимони умури дохила ва ё амнияти кишварро дар ҳайъати гурӯҳи қочоқчиён рад ва ё таъйид накард. Вай гуфт, ин миқдори бузурги ҳероин, ки кашф ва забт шудааст, танҳо ба чанд нафари боздоштшуда тааллуқ надорад, аммо теъдоди дақиқи аъзои гурӯҳи қочоқчиён ва шахсияти онҳоро ҷараёни бозрасӣ муайян хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG