Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар артиши Тоҷикистон намозгузорӣ бидуни иҷоза манъ мешавад


Бино ба иттилоъи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар тарҳи қонуни мақоми хидматчии ҳарбиро омода кардааст, ки тибқи он дар артиши ин кишвар барои сарбозон ва афсарон дар анҷоми маросимоти динӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда хоҳад шуд. Як манбаъ дар шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон худро давлати дунявӣ эълон кардааст ва лоиҳаи қонуни мазкур дар ҳамин замина ва ҳамчунин бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ таҳия шудааст: "Вақте як сарбоз мехоҳад, ягон маросими динӣ гузаронад, вай ба унвони фармондеҳи худ гузориш менависад, фармондеҳ онро месанҷад ва сипас ба унвони вазорат нома менависад, ки дар қисми низомии ман ҳамин гуна дархост ҳаст ва он мақсади иғвогарӣ надошта бошад, пас ягон кас аз вазорат, ё идора ба он монеъ намешавад."
Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, бар асоси муқаррароти ин қонун ҳар низомӣ дар артиш, ки мехоҳад, фароизи мазҳабиро иҷро кунад, яъне намоз бигузорад ва ё рӯза бидорад, муваззаф аст, мувофақаи сардори қисми низомиро ҳосил кунад ва бидуни ризоияти роҳбарият, вай ҳуқуқи анҷоми чунин маросимоти диниро надорад.
Дар тарҳи қонун ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки дар сурати ташкил ва баргузории чорабинии динӣ дар ҳудуди қисми низомӣ, низомиён маблағи онро худ дарёфт ва пардохт хоҳанд кард ва ин ҳам бо рухсати бевоситаи вазири дифои Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд. Намояндаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, тарҳи қонуни мазкур бо ҳама вазоратҳо ва кумитаҳои зиддахли ҳукумат ҳамоҳанг шуда, ба мухолифат мувоҷеҳ нашудааст.
Аммо Ғолиб Ғоибов - раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, тайи беш аз панҷ моҳи ахир, ки вай ба ин вазифа таъйин шудааст, аз таҳияи як чунин қонун иттилоъ надорад. Оқои Ғоибов гуфт, бар асоси Қонун дар бораи озодиҳои виҷдон сарбоз низ аз ҳақи риояти расму ойини мазҳабӣ бархурдор аст.
Намояндаи шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, тарҳи қонуни мақоми хидматчии ҳарбӣ дар баррасии парлумони кишвар қарор дорад ва то кадом андоза такмил ва таҷдид шудани он ба намояндагони маҷлис вобаста аст.
XS
SM
MD
LG