Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ муҳоҷири тоҷик дар Русия


Панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар деҳаи Луговаяи вилояти Маскав ба ҳангоми таъмири чоҳи об ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи намояндаи расмии вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия дар вилояти Маскав, ҳодиса зӯҳри рӯзи сешанбе, 29 июн дар ҳавлии як хонавода рух дод. Вай ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: "Дар рустои Луговая дар як ҳаёта воқеъ дар кӯчаи Колхозная 1, дар ҳошияи шаҳри Лобния панҷ нафар коргар зери хок монданд. Онҳо чоҳи обро тоза мекарданд. Ҳамчунин тахмин мешавад, онҳо шояд аз заҳролудшавӣ аз гази метан ҷони худро аз даст додаанд. Тафтиш идома дорад, синни ҳалокшудагон аз 18 то 34 аст ва ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд."
Вуқӯъи фоҷиаро дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав тасдиқ карданд. Сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод гуфт: "Бисту нуҳӯми июн, соати дувоздаҳи шаҳри Маскав, панҷ нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Луговаяи ноҳияи Лобния ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расиданд. Бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия корманди сафорат ва намояндаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Маскав оҷилан ба ҷойи воқеа рафтанд. Онҳо дар ҷои воқеа маълум карданд, ки ҳангоми тоза кардани чуқурии 15 метра шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафасгир шуда, ба ҳалокат расиданд. Сафорати Тоҷикистон ин ҳодисаро пурра таҳти назорат гирифтааст ва баробари дақиқ гардидани сабаби марги фавтидагон дар интиқоли ҷасади онҳо ба ватан ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард."
Дар додситонии шаҳри Лобния дар робита ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса тасодуфист ва ифтитоҳи парванда дар назар нест. Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқшиносон дар ҳодисаҳои айнӣ корфармоёнро муттаҳам медонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ба далели риоя нашудани амнияти қоидаҳои техникӣ аз ҷониби муҳоҷирон ва корфармоён ҳар сола садҳо оворагон кушта ва маъюб мешаванд, вале мавзӯъ дар ҳеҷ мақоме мавриди баррасӣ қарор намегирад ва дар ин замина ҳеҷ гунаҳкоре ҳам муҷозот нашудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG