Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи "Чароғи Рӯз"-и муҳоҷир барои бозгашт


Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе

Додоҷони Атовулло - сардабири рӯзномаи «Чароғи Рӯз» мегӯяд, асноди лозим барои сабти номи дубораи ин нашрияро таҳия ва ба вазорати додгустарӣ ироа кардааст. Оқои Атовуллоев гуфт, умедвор аст, билохира мақомот барои нашри "Чароғи Рӯз" мувофиқат хоҳанд кард. Агар чанд мегӯяд ӯ, гирифтани муҷаввизи нашр барои "Чароғи Рӯз" бештар ба як масъалаи сиёсӣ табдил шудааст: "Умедвор астем, ки касе барои бозгашти "Чароғи Рӯз" ба ватан ва нашри он дар Душанбе дигар халал намерасонад."
Аммо Шавкат Мустафоқулов - сардори раёсати ҳуқуқии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, то кунун асноди "Чароғи Рӯз" - ро дарёфт накардааст, вале дар сурате, ки ин аснод ҷавобгӯи меъёрҳои қонун бошад, дар давоми даҳ рӯз муҷаввизи нашри "Чароғи Рӯз" содир хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол як ҳайъат аз созмони "Хабарнигорони бидуни марз", ки сардабири "Чароғи Рӯз"-ро дар ин сафараш ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад, ҷараёни сабти ном ва дарёфти иҷозаи нашри ин рӯзномаро назорат хоҳад кард. Маркус Бенсман - хабарнигори олмонӣ ва узви ин ҳайъат мегӯяд: "Мо ба инкишофот назора мекунем. То бубинем, сатҳи озодии матбуот дар Тоҷикистон дар кадом поя қарор дорад. Озодии воситаҳои иттилоолтӣ барои кишварҳои аврупоӣ ин як масъалаи муҳим аст. Дар ин ҳайъат, ки сафари он ба Тоҷикистон таҳти васояти созмони "Хабарнигрони бидуни марзи Олмон" сурат мегирад, намояндагони чандин расонаҳои хабарии кишварҳои мухталиф ҳамроҳ ҳастанд ва мо ин ҷараёнро мунъакис хоҳем кард ва умед дорем, ки ин кори мо барои рушди озодии матбуот ва аз ҷумла, иҷозаи фаъолият гирифтани "Чароғи Рӯз" мусоидат хоҳад кард."
"Чароғи Рӯз" аз нахустин нашрияҳои хусусӣ ва мустақил дар Тоҷикистон дар соли 1991 барои бори аввал ба нашр расид, вале ба дунболи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бо пуштибонии Ҷабҳаи халқӣ нашри он дар дохили Тоҷикистон қатъ шуда ва кормандаони он муҳоҷир шуданд. Ин нашрия ба сурати гоҳнома аз соли 1993 то кунун дар шаҳри Маскав ба табъ расидааст.
Аз соли 1992 то кунун дар ду маврид нисбати нашрия ва кормандони он парвандаи ҷиноӣ боз ва нотамом баста шудааст. «Чароғи Рӯз» дар нашри матолиби барангезандаи низоъи миллӣ ва мазҳабӣ, даъват барои сарнагунии низоми қонунӣ тӯҳмат шудааст. Аз ҷумла дар се соли пеш бо дархости мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовулло сардабири ин нашрия дар Маскав боздошт шуд, вале бо мусоидати ташкилотҳои ҳуқуқи башар озод гашт. Ӯ барои нашри матолиби тавҳиномез ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам мешуд. Бо гузашти як сол Додоҷон Атовуллоев аз ҷониби раиси ҷумҳур афв ва парвандаи ӯ баста шуд.
XS
SM
MD
LG