Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Русия шурӯъ мекунад?


Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, вазири энержии Тоҷикистон, дар поёни нишасти ду рузаи Шӯрои энергетикаи кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ дар Душанбе иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат ҳудуди 1 миллиарду 400 миллион киловат соат нерӯи барқ ба Русия интиқол хоҳад дод.
Оқои Нурмаҳмадов афзуд: "Бале Тоҷикистону Русия дар моҳи апрели соли равон ба мувофиқа расиданд, ки Душанбе ба Маскав аз захоири энержии худ, ки дар фасли тобистон истеҳсоли нерӯ дар ин кишвар афзоиш меёбад, нерӯ диҳад. Аммо хати транзити барқи Тоҷикистон то Русия аз Узбакистон ва Қазоқистон мегузарад. То ҳол танҳо бо мақомоти Қазоқистон барои интиқоли барқ ба Русия мувофиқа ҳосил шудааст. Аммо ҳукумати Узбакистон иҷозаи интиқоли нерӯро надодааст."
Дар ҳамин ҳол як ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон иборат аз намояндагони ниҳодҳои марбутаи кишвар пас аз музокираи ду рӯза бидуни кадом натиҷае аз Тошканд баргаштааст.
Оқои Нурмаҳмадов меафзояд, ҷониби Узбакистон дар ивази интиқоли транзити барқи Тоҷикистон чанд пешниҳод кардааст. Яке аз пешниҳодот ин аст, ки Тошканд мехоҳад, дар ивази интиқоли транзити барқи Тоҷикистон аз қаламрави худ ба чанд дар сади маҷмӯи барқи интиқолӣ соҳиб шавад.
Бар асоси иттилоъи вазорати энерегетикаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ин масоил мавриди омӯзиш қарор дорад. Интизор меравад 15 июни равон ҳайъати мазкур дубора ба Тошканд сафар кунад ва дар онҷо ҳамроҳ бо мақомоти зиддахл масоили мазкур баррасӣ шавад.
Ба қавли вазири энергетикаи Тоҷикистон Нурмаҳмад Ҷӯрабеков, имкон дорад, то охирҳои ҳамин моҳ Тоҷикистон ба Русия интиқоли миқдори мувофиқанамудаи нерӯ 1 миллиарду 400 миллион киловат соат барқро шурӯъ кунад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG