Раиси ҷамъияти саҳҳомии шабакаи воҳиди энержии Русия мавсум ба РАО ЕЕС эълом кард, ки Русия қасд дорад, дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ҳамроҳ бо Эрон ширкат кунад. Анатолий Чубайс, раиси ҷамъияти мазкур ин суханонро рузи чаҳоршанбе пас аз дидор ва мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон баён дошт.
Вай гуфт: "Мо манфиатдорем, ки дар якҷоягӣ бо ҷониби Ирон дар баррасии ин барнома ширкат кунем. Мо феълан масъалаи ворид шуданамон ба консорсиуми сохтмони Сангтӯдаро мавриди омӯзиш қарор додем ва ин масьала дар мулоқоти мо бо раисиҷумҳур низ баррасӣ шуд. Мо умедворем, дар як якуним моҳи наздик як нишасти сеҷонибаро дар ин замина баргузор кунем. Ин пешниҳоди шахсии ман буд, ки аз ҷониби президент пуштибонӣ ёфт. Ҳоло бояд ин масъала ба таври фаврӣ бо ҷониби Ирон ҳаллу фасл шавад ва ман гумон мекунам, нишасти сеҷониба дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд".Оқои Чубайс афзуд, ки дар мулоқоти ӯ ва раиси ҷумҳур дар хусуси кӯмаки мушахассе аз ҷониби Русия барои тарҳҳои соҳаи энержии Тоҷикистон сухане нарафтааст. Вале вай гуфт, ширкати Русия дар тарҳҳои нирӯгоҳи Сангтӯда ва Роғун, ки мутаносибан аз 520 миллион то як миллиард долларро ташкил медиҳад, муаассир хоҳад буд.
Дар навбати худ Файзулло Холбобоев мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисод гуфт, пешниҳоди Русия бобати нишасти сеҷониба бо ширкати Ирон ва иштироки бевоситаи ин кишвар дар консорсиуми Сангтӯда барои Тоҷикистон ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ ниҳоят муҳим мебошад. Оқои Холбобоев афзуд, дар мавсими гармо Русия солона аз Тоҷикистон беш аз якуним миллиард киловат соат нирӯи барқ харидорӣ мекунад, ки мутаасифона ҳоло масъалаи интиқоли транзитии онро кишвари ҳамсоя Узбакистон рухсат надодааст.
Анатолий Чубайс - раиси шабакаи воҳиди энержии Русия гуфт, манофеи муштараки ҷонибҳо водор мекунад, ки дар музокироти бо ҷониби Узбакистон ҳамтоёни тоҷики худро пуштибонӣ ва масъалаи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Русия дар фурсати наздик роҳи ҳалли худро пайдо кунад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе