Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини дабири СММ дар Тоҷикистон


Дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид а раиси Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин созмон барои кишварҳои Осиё вап Уқёнусия мулоқот ва зимни он масъалаи густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ ва масоили марбут ба ҷараёни иҷрои барномаи фақрзудоӣ дар ин кишварро баррасӣ кардаанд. Зимни ин дидор миёни ду ниҳоди СММ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, ки Эмомалӣ Раҳмонов президенти Тоҷикистон раиси он мебошад, як меморандуми ҳусни тафоҳум ба имзо расидааст. Дар ин санад таъкид шудааст, барномаҳои марбутаи СММ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба дарёчаи Арал ва танзими истифодаи захираҳои обии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ким Хак Су, мудири иҷроии барномаи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнусия, мегӯяд: "Имзои ин меморандум нуктаи оғози ҳамкориҳои мо хоҳад буд, ки бар асоси он комиссияи минтақавии СММ хоҳад тавонист, дар ҳалли мушкилоти вобаста ба истифодаи об ҳамкорӣ ва мусоидат кунунд. Мо умед дорем, ки масъалаи наҷоти Арал ба чаҳорчӯби барномаи хоси СММ барои Осиёи Миёна ворид шавад. Зеро мушкилоти вобаста ба захираҳои обӣ яке аз масъалаҳои умдаи минтақа мебошад ва имзои ин меморандум як руйдоди муҳим аст."
Аммо таъкид намуданд, фиристодаҳои СММ кӯмаки мустақими ин созмон дар мадди аввал аз машваратҳои коршиносӣ иборат хоҳад буд. Вале дар айни ҳол бо истифода аз имконоте, ки дар ихтиёр дорад, таваҷҷӯҳи ниҳодҳои мухталифи байналмилалии молиро барои ҳалли ин масъала ҷалб хоҳанд дошт.
Намояндагони СММ гуфтанд, ки ҳамчунин зимни мулоқотҳояшон бо мудирияти Бунёди наҷоти Арал барномаи амалкарди ин ташкилотро то соли 2010 дарёфт кардаанд ва талош хоҳанд варзид, то дар амри татбиқи он мусоидат кунанд. Дар ҳамин ҳол як ҳайъати дигари СММ низ вобаста ба барномаи мавсум ба ҳазорсолааи ин созмон саргарми дидор аз Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бар асоси тасмими СММ дар феҳрасти ҳашт кишваре ҷой дорад, ки барномаи рушди ҳазора қарор аст дар он кишварҳо татбиқ шавад. Бинобар ин ҳайъати мазкур зимни дидор бо мақомоти давлат, коршиносон намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалии муқими Тоҷикистон барнома ва самтҳои авлавиятноки барномаи ҳазора дар Тоҷикистонро ташхис ва ҳамоҳанг хоҳад кард. Гуфта мешавад, фақрзудоӣ, гидроенержӣ, беҳдошт ва омӯзиш аз ҷумлаи бахшҳое мебошад, ки шомили барномаи ҳазораи СММ барои Тоҷикистон шавад.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG