Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи оҷонсии муштараки Тоҷикистону Созмони Милал


Маросими таҷлил аз панҷумин солгарди таъсиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон рузи шанбе дар пойтахти ин кишвар бо ширкати аъзои ҳукумат кормандони ин оҷонсӣ ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки барои ширкат дар ин сана даъват шудаанд, таҷлил шуд. Сайидамир Зуҳуров зимни ифтитоҳи ин маҷлис ба нақши ин оҷонсӣ дар ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва тақвияти мубориза бо он пардохт ва гуфт, Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар ҳамоҳангсозии фаъолияти нируҳои муборизакунанда бо маводи мухаддир ва ошкор сохтани гурӯҳҳои хурду бузурги қочоқбар нақши муҳим доштааст.
Вай мегуяд: "Мо бо таваҷҷӯҳ ба хатаре, ки эҳсос мекардем ва ин хатар танҳо мутаваҷҷеҳи мо набуд, иқдом ба таъсиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир кардем ва бо гузашти панҷ сол, ки муддат замони чандон тӯлоние нест, дидем, ки ин ниҳод коромад маълум мешавад."
Ғаффор Мирзоев раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон низ зимни суханоне дар ин ҷаласа гуфт, Оҷонсии назорат ба маводи мухаддир тайи замони фаъолияти худ 4 ҳазор килограм маводи мухаддир ва аз ҷумла 2 ҳазора килограм ҳероинро аз гурӯҳҳои қочоқбар мусодира кардааст. Ӯ гуфт, дар ин муддат як саду бист амалиёти муштараки бо ниҳодҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ доир шудааст, ки зимни он даҳҳо гурӯҳҳои қочоқбар ошкор ва боздошт шудааст. Аз ҷумла як чунин амалиёти муштарак барои аввалин бор бо ҳамдастии ниҳодҳои Афғонистон доир шудааст. Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон чун як ниҳоди муштараки СММ ва ин кишвар дар соли 1999 таъсис шуда ва то кунун бо пуштибонии молии СММ, киш варҳое назири Амрико, Итолиё, Олмон, Бритониё ва Белжик фаъолият кардааст. Ба манзури амалишудани барномаи фаъолияти ин оҷонсӣ то кунун 10 миллион доллар ҳазина шуда ва сармоягузории барномаи фаъолияти ин ниҳод тавассути СММ то соли ояндаи мелодӣ низ пешбинӣ шудааст. Аммо то ҳамакнун дар бораи маблағгузории барномаи Оҷонсии маводи мухаддири Тоҷикистон баъди соли 2005 милодӣ, яъне замони ба поён расидани барномаи навбатӣ созмоне ва ё кишваре изҳори омодагӣ накардааст.
Раҳматкарими Давлат дар Душанбе
XS
SM
MD
LG