Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туҳфаи "Адиб" барои Аскар Оқоев


Имруз сафари расмии дурузаи президенти Қирғизистон Аскар Оқоев ба Тоҷикистон оғоз мешавад. Аскар Оқоев ва ҳамтои тоҷики у Эмомалӣ Раҳмонов зимни дидор ва мулоқот дар Душанбе ба чанд санад, аз ҷумла ба созишномаҳо "Дар бораи ҳусни ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ" ва "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳоти низомӣ" имзо гузошта ва дар расми ифтитоҳи рузҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард.
Нашриёти "Адиб" дар остонаи сафари президенти Қирғизистон китоби "Абрҳои сафеди Чингизхон"-ро, ки маҳсули қалами адиби шинохтаи қирғиз Чингиз Айтматов аст, аз дасти чоп берун овард. Тарҷумони китоб шоири тоҷик Низом Қосим ба ожонсии "Азия Плюс" гуфтааст, як нусхаи ин китоб ҳангоми сафараш ба Душанбе ба Аскар Оқоев тақдим хоҳад шуд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG