Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмонов бо Паско


Ёвари вазири хориҷаи Амрико Линн Паско дар идомаи силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рузи шанбе, 22 май дар пойтахти Тоҷикистон бо президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов дидор ва мулоқот кард. Дар ин мулоқот вазъи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар соҳоти иқтисодиву сиёсӣ ва низомиву башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Лин Паско дар ин мулоқот ташкили як низоми собити демократӣ дар Тоҷикистонро аз авомили муҳими таъмини субот ва рушди иқтисодӣ дар ин кишвар номидааст.
Оқои Раҳмонов ба навбаи худ хостори мусоидати Амрико дар роҳи ҷалби кумаку сармояҳои бештар ба иқтисоди кишвараш шуд.
Холиқи Сангин
XS
SM
MD
LG