Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқномаҳои нави миёни Душанбеву Бишкек


Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи ҷумъа, 21-уми май созишномаҳои ҳамкориро дар риштаҳои энержӣ ва нақлиёт ба имзо расонда, гуфтанд, ба зудӣ мушкили деринаи марзиро низ ҳал хоҳанд кард. Сарвазирони ду кишвар дар марзи миёни ду кишвар мулоқот карданд ва дар маросими сохтмони аввалин пояи хатти интиқоли барқ аз шаҳри Ботканди Қирғизистон ба Конибодоми Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гуфт, созиши интиқоли нирӯи барқ мушкили камбуди нирӯи барқро дар Тоҷикистон ҳал мекунад ва заминае мешавад барои судури барқи Осиёи Марказӣ дар оянда ба Афғонистон ва Покистон. Илова ба ин Тоҷикистон розӣ шудааст, ба Қирғизистон барои сохтмони роҳ миёни шаҳрҳои Ӯш ва Ифсонаи Қирғизистон замин диҳад, то ки дар оянда ин роҳ аз миёни минтақаи аҳолинишин нагузарад.
XS
SM
MD
LG