Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон вориди мубориза бо қочоқи инсон мешавад


Рузи шанбе Тоҷикистон бо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират як созишномаи ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо қочоқи инсонро имзо кард, ки махсуси пешгирӣ аз мавридҳои қочоқи занони тоҷик ба кишварҳои хориҷист.
Муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Муҳаммадсаид Ҷурақулов ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, мақомоти ин кишвар тайи 4 соли гузашта 30 мавриди барои танфурушӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб бурда шудани занону духтарони тоҷикро сабт кардаанд, ки аз он 4 маврид ба имсол рост меояд. Оқои Ҷурақулов гуфтааст, ки онҳо мехоҳанд тамоми он гуруҳҳои ҷиноиро, ки ба қочоқи шаҳрвандони ин кишвар ба Имороти Арабу Туркия ва Русияву Исроил машғуланд, ошкор ва иртиботи онҳо бо шабакаҳои фаромиллии ҷиноиро маълум кунанд.
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират бо имзои созишномаи дируза мукаллаф мешавад дар ин роҳ ба мақомоти Душанбе мусоидат кунад.Ин созмон мегуяд, бино бар омори ғайрирасмӣ, феълан 270 зану духтар аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон танҳо дар зиндонҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар мебаранд.
Ба маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар зарфи фақат як соли гузашта дар Иморот беш аз 100 зани ҷавони тоҷик ба танфурушӣ муттаҳам шудааст.
Ин вазорат рузи шанбе ҳамчунин хабар дод, ки як шуъбаи вижаи мубориза бо мавридҳои одамрабоӣ ва қочоқи инсон боз мекунад.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG