Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дивизияи 201-и худро аз Тоҷикистон берун мекашад?


Дар Маскав қарори хуруҷи дивизияи 201-уми Русия аз Тоҷикистон омода мешавад. Қаблан дар асоси дивизияи 201 ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар назар буд. Дар ин бора як манбаъи огоҳи дипломатӣ ба радиои «Эхо Москви» хабар дод. Бино ба иттилоъи «Эхо Москви» манбаъи дипломатӣ бо худдорӣ аз тавзеҳи ҷузъиёти мавзуъ танҳо ҳамин қадар афзуд, ки мақомоти Душанбе барои ҳузури дивизияи 201-ум дар Тоҷикистон ба Маскав шартҳои қайриқобили қабул пешниҳод кардаанд. Ва аммо дар тавзеҳ ба гуфтаи дипломати номаълум генерал Леонид Ивашов, муовини раиси Академияи масоили геполитикии Русия гуфт, чунин пайомадро аз замони пайдо шудани артиши НАТО дар Тоҷикистон интизор будем. Ба эътиқоди Ивашов, хуруҷи дивизияи 201-ум аз Тоҷикистон ба нафъи субот дар минтақа нахоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки Михаил Маргелов, раиси Кумитаи умури байналмиллалии Шурои Федератсияи Русия масъалаи хуруҷи дивизияи 201-ро тадбири дарзамонӣ номид. Вай гуфт, феълан шароите ба вуҷуд омадаст, ки ҳузури воҳиди бузурги артиши номуташаккили Русия дар хориҷ зарурат надорад. Бастану боз кардани пойгоҳи низомӣ барои Русия мушкил нест. Аммо ҳанӯз аз раёсати ҷумҳур ба палатаи болоӣ дар ин замина дархости вижа ирсол нашудааст. Ҳамзамон вай афзуд, дар ҳоли ҳузури нирӯҳои Эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ дар Афғонистон феълан дар хоки Тоҷикистон ба анҷоми кадом вазифаи муҳими низомӣ зарурат намондааст.
Гуфта мешавад, мақомоти Душанбе барои ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз Маскав хостори бахшидани 300 миллион доллар қарз, 50 миллион кироя барои муҷтамеъи назорат бар кайҳони Норак ва дар ҳолати зарурат дар ихтиёри раиси ҷумҳури Тоҷикистон додани фармондеҳии артиш шудааст. Ба гуфтаи коршиносон, яке аз масъалаҳои аслие, ки Маскав қабул надорад, додани фармондеҳии артиш ба мақомоти Душанбе дар рӯзи мабодо мебошад.
Муҳаммадраҳими Сайдар
XS
SM
MD
LG